Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кобул нишасти Лойя Ҷирга ифтитоҳ шуд


Имрӯз дар Кобул Лойи Ҷирга, ҷаласаи намояндагони нерӯҳои сиёсӣ ва қавму қабоили Афғонистон, шурӯъ шуд.

Дар ин нишаст, ки қарор аст чаҳор рӯз идома кунад, ҳудуди 2 ҳазор нафар аз раҳбарони қавмӣ, мақомоти давлатӣ ва намояндагони сиёсии бархе кишварҳо ширкат хоҳанд дошт.

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон дар ифтитоҳи Лойя Ҷирга суханронӣ кард. Қарор аст ӯ феҳристи манотиқеро эълон кунад, ки масъулияти амниятӣ дар онҳо ба зудӣ ба афғонҳо вогузор хоҳад шуд.
Хабаргузории Франс Пресс навиштааст, ки ба ин феҳрист 17 минтақа шомил аст. Бар пояи созишҳо, раванди интиқоли масъулияти амниятӣ аз НАТО ба нерӯҳои афғон то охири соли 2014 поён ёбад.

Дар Лойя Ҷирга шартҳои ҳамкорӣ бо ИМА дар бахши амният баъд аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ва дурнамои музокироти сулҳ бо ҷунбиши “Толибон” ҳам баҳсу баррасӣ хоҳад шуд.

Толибон таҳдид карданд, ки Лойяи Ҷиргаро ҳадафи ҳамла қарор хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG