Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи футболи “Зарафшон”-и Панҷакент ғолиби сабқати лигаи якуми футболи Тоҷикистон шуд.

Бозии мавқуфмондаи “Зарафшон” бо “Ҳулбук”-и Восеъ мебоист рӯзи 15-уми ноябр дар шаҳри Панҷакент баргузор мешуд, вале меҳмонон ба ин бозӣ ҳозир нашуданд.

Бинобар ин, ба иттилои Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсиюни футболи Тоҷикистон, “Зарафшон” бо ҳисоби фаннии 3:0 ғолиб дониста шуд. Се имтиёзи охирин ба “Зарафшон” имкон дод, ки мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқот нигоҳ дорад.

Футболбозони Панҷакент бо 59 имтиёз мақоми аввалро касб карданд ва бо медалҳои тиллои Федератсиюни футболи Тоҷикистон сарфароз мешаванд. Инчунин онҳо соҳиби роҳхати аввал ба сабқати лигаи олии кишвар шуданд.

Дастаи “Ҳосилот”-и Фархор низ бидуни бозӣ се имтиёз гирифт. Зеро рақибаш – тими “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ аз қувваозмоӣ даст кашид ва мизбонон – футболбозони ноҳияи Фархор бо ҳисоби фаннии 3:0 ғолиб дониста шуданд.

“Ҳосилот”, ки бо 58 имтиёз ҷои дуввумро азони худ кард, барандаи медалҳои нуқра ва роҳхати дуввум ба сабқати лигаи олӣ гардид.

Боз як бозии мавқуфмондаи мусобиқот рӯзи 15-уми ноябр дар шаҳри Душанбе миёни дастаҳои “Локомотив” ва “Вахши зарнисор” бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 3:1 ба анҷом расид.

Барои медалҳои биринҷӣ ва роҳхати севум ба лигаи олӣ – се даста - “Ҳулбук”-и Восеъ, “Сабо”-и Шаҳринав ва “Ситора”-и Рӯдакӣ мубориза мебаранд. “Ҳулбук”, ки бозиҳояшро анҷом додааст, алъон бо 51 имтиёз дар ҷои севум мебошад. “Сабо”, ки ба иллати ба бозӣ ҳозир нашудани дастаи меҳмон - “Саройкамар”-и Панҷ бо ҳисоби фаннии 3:0 ғолиб дониста шуд, бо 49 имтиёз дар ҷои чаҳорум аст.

“Ситора” низ 49 имтиёз дорад, вале ғалабаи “Сабо” якто бештар ва таносуби тӯбҳояш низ беҳтар мебошад. Аз ин рӯ “Ситора” пас аз “Сабо” дар зинаи панҷум қарор дорад.

“Сабо” бозии охиринашро 18-уми ноябр дар меҳмонӣ бо дастаи “Данғара”-и ноҳияи Данғара анҷом медиҳад. “Ситора” бошад, дар бозии охирини мусобиқот 23-юми ноябр бо тими “Кӯктош” қувваозмоӣ хоҳад кард.

Бозии мавқуфмондаи мусобиқот байни дастаҳои “Кӯктош” - “Пахтакор” 16-уми ноябр бо ҳисоби 3:4 хотима ёфт. Бозии охирин мавқуфмонда миёни дастаҳои “Вахши зарнисор” - “Кӯктош” 20-уми ноябр баргузор мешавад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Сайидамир Мирзоев (“Ҳулбук”) бо 22 гол дар ҷои аввал мебошад. Абдуҳалим Боронов (“Румӣ”) бо 20 гол дар ҷои дуввум аст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Зарафшон” (Панҷакент) 26 18 5 3 58-22 59
2. «Ҳосилот» (Фархор) 26 18 4 4 50-20 58
3. «Ҳулбук» (Восеъ) 26 15 6 5 64-31 51
4. «Сабо” (Шаҳринав) 25 15 4 6 67-26 49
5. «Ситора” (Рӯдакӣ) 25 14 7 4 47-19 49
6. “Румӣ” (Румӣ) 26 15 2 9 64-37 47
7. «Пахтакор» (Қубодиён) 26 12 5 9 49-41 41
8. «Вахши зарнисор» (Вахш) 25 10 6 9 44-40 36
9. «Саройкамар» (Панҷ) 26 10 4 12 35-39 34
10. «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 24 8 3 13 32-43 27
11. “Данғара” (Данғара) 25 7 5 13 30-35 26
12. “Локомотив” (Душанбе) 26 5 2 19 24-72 17
13. “Ҷавонон” (Турсунзода) 26 3 3 20 15-77 12
14. Рашт” (Рашт) 26 1 0 25 7-84 3

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG