Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомид Карзай гуфтааст, дар ҷараёни Луи Ҷирга феҳристи манотиқеро эълон хоҳад кард, ки масъулиятҳои амниятӣ ба афғонҳо вогузор хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории Франс Пресс, 17 минтақа шомили ин феҳрист хоҳанд шуд.

Луи Ҷиргаи қарор аст имрӯз ба иштироки ҳудуди 2000 ҳазор тан аз сарони қавмӣ, мақомоти давлатӣ ва намояндагони сиёсии шуморе аз кишварҳо оғоз шавад ва муддати чаҳор рӯз дар Кобул идома хоҳад ёфт.

Сафия Сиддиқӣ, сухангӯи комиссияи баргузории Луи Ҷирга

Сафия Сиддиқӣ, сухангӯи комиссияи баргузории Луи Ҷирга

Сафия Сиддиқӣ, сухангӯи Комиссияи баргузории Луи Ҷирга ба бахши дарии радиои Озодӣ гуфтааст, ин ҷирга бо суханронии раиси ҷумҳури Афғонистон ифтитоҳ мешавад ва баъд ҳайати раҳбарикунандаи Луи Ҷирга интихоб хоҳад шуд.

Тибқи гузоришҳои расида, масоили аслии мавриди баҳс дар ин ҷирга, раванди музокироти сулҳ бо мухолифини мусаллаҳи давлати Афғонистон ва имзои паймони ҳамкориҳои стратегӣ миёни Кобул ва Вошингтон аст.

Аммо то ҳол матни ин паймон нашр нашуда ва ба бовари коршиносон, мумкин нест иштироккунандагони Луи Ҷирга битавонанд дар бораи ҷузъиёти паймони ҳамкориҳои стратегӣ байни Афғонистон ва Амрико баҳс кунанд.

Мухолифат бо баргузории Луи Ҷирга вуҷуд дорад, ҳарчанд ҳукумати Афғонистон ба такрор гуфтааст, ки Луи Ҷиргаи кунунӣ ҷанбаи машваратӣ дорад ва тасмиме дар ин ҷирга гирифта нахоҳад шуд.

Абдуллоҳи Абдуллоҳ

Абдуллоҳи Абдуллоҳ

Эътилофи сиёсии «Тағйир ва умед» бо раҳбари Абдуллоҳи Абдуллоҳ эълом кардааст, ки дар ин ҷирга иштирок нахоҳад кард, зеро ба бовари ин ҳизб, ҷиргаи мазкур ҷанбаи қонунӣ надорад.

Толибони мусаллаҳ низ ба такрор таҳдид кардаанд, ки бо эҷоди мушкилоти амниятӣ, Луи Ҷиргаро халалдор хоҳанд кард. Як ҳамлакунандаи интиҳорӣ, ки мехост вориди маҳалли баргузории Луи Ҷирга дар Донишгоҳи политехникии Кобул шавад, рӯзи душанбе аз сӯи нерӯҳои амниятии афғон аз по дароварда шуд.

Дар ин ҳол тадобири амниятӣ барои баргузории Луи Ҷирга хеле шадид аст ва теъдоди зиёди маъмурони пулис ва сарбозони артиши ҷодаҳои Кобулро таҳти назорат гирифтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG