Пайвандҳои дастрасӣ

Назарбоев порлумони якҳизбиро пароканда кард


Раисиҷумҳури Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, палатаи поёнии порлумони кишварашро пароканда ва ба баргузории интихоботи зудрас дар 15 ва 16-уми январ даъват кард. Вай ба ин кор замоне иқдом кард, ки 53 узви маҷлис аз 107 нафар дар хитобае дар ҳафтаи гузашта хостори табдили палата ба маҷлиси бисёрҳизбӣ шуданд. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, порлумони нав метавонад ба нооромиҳои нави иқтисодӣ беҳтар расидагӣ кунад. Порлумони феълии Қазоқистон асосан аз намояндагони ҳизби ҳокими президентии «Нур Отан» иборат аст. Қонуни нави интихобот ба ҳизбҳое дар порлумон ба таври автоматик ҷой хоҳад дод, ки ҳатто натавонистаанд, монеаи 7-дарсадиро убур кунанд. Қазоқистон то ҳол ягон интихоботе баргузор накардааст, ки аз тарафи созмонҳои байнулмилалӣ озод, шаффоф ва одилона шумурда шавад.
XS
SM
MD
LG