Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафир Попов: Маскаву Душанбе "забони муштарак" ёфтанд


Сафири Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқоти ӯ бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тарафҳо дар масъалаи халабонҳои маҳбус «забони муштарак» пайдо кардаанд. Юрий Попов ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, тарафҳо ба натиҷае расиданд, ки ҳам Маскав ва ҳам Душанбе ба ҳалли ин вазъи мушкил манфиатдоранд. Аввали моҳи ноябр додгоҳи Қӯрғонтеппа халабонҳо Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстонияро барои убури ғайриқонунии марз, қочоқ ва нақзи қоидаҳои байнулмилалии парвоз ба 8,5 соли ҳабс маҳкум кард. Ба зудӣ дар Маскав наздик ба 300 муҳоҷири тоҷик боздошт шуда, гирудори тоҷикон дар шаҳрҳои дигари Русия ба вуқӯъ пайваст. Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев боздошти тоҷиконро «як тасодуф» унвон намуд.
XS
SM
MD
LG