Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши бунёдгузори WikiLeaks ба таъвиқи истирдодаш


Мақомоти адлияи Британия мегӯянд, бунёдгузори WikiLeaks, Ҷулиан Ассанж дархост додааст, ки парвандаи истирдоди ӯ дар Додгоҳи Олӣ баррасӣ шавад. Додрасҳои Британия аввали ин моҳ як дархости ӯро барои таъвиқи истирдодаш ба Шведсия, ки дар он ҷо ба таҷовуз ба номус ва ҳамлаи ҷинсӣ айбдор мешавад, рад карданд. Ассанж иттиҳомотро рад мекунад ва мегӯяд, барои нашри ҳазорон сирри барқияҳои дипломатии Иёлоти Муттаҳида ҳадаф қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG