Пайвандҳои дастрасӣ

Фирқаи 201-и Русия таҷҳизоташро ба фасли сармо омода мекунад


Фирқаи пиёданизоми 201-и Русия, ки ба ҳайси пойгоҳи ҳарбии Маскав дар Тоҷикистон мустақар аст, техника ва таҷҳизоти таслиҳотии худро ба зимистони ба таври ғайримуқаррарӣ сард омода мекунад. Ноиби раиси хадамоти матбуотии Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия Евгений Мешков ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, бино ба пешгӯии ҳавошиносон эҳтимол меравад, ки ҳаво дар ин ҷо то манфии 35 дараҷа сард шавад. Барои ин гурӯҳҳои мутахассисони тармим таъсис ёфтаанд, ки қарор аст, ҳамаи техникаи пойгоҳи ҳарбиро бознигарӣ ва ба фасли сармо омода мекунанд. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки бархе аз сиёсатмадорони Русия хостори истифодаи фирқаи 201 дар ҳалли қазияи халабонҳои маҳбуси рус шудаанд.
XS
SM
MD
LG