Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар тазоҳуроти Сурия 70 нафари дигар кушта шудаанд


Сарвазири Туркия гуфт, Анкара дигар ба режими Сурия боваре надорад. Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, режими президент Башор Асад, ки ба шумориши Созмони Милал аз моҳи март ба ин сӯ 3500 нафарро кушт, акнун «ба лаби варта» расидааст. Дар паёмаш ба ҳамоиши Ҳизби адолат ва тараққӣ, Эрдуғон Асадро як раҳбари ташнаи хун номид. Вай афзуд, чунин раҳбарон дер ё зуд қимати бераҳмӣ ва зулми худро хоҳанд пардохт. Дар ин байн, фаъолони мухолифи Асад иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни саркӯби тазоҳурот аз тарафи нерӯҳои Сурия рӯзи душанбе 70 нафар ба ҳалокат расидааст.
XS
SM
MD
LG