Пайвандҳои дастрасӣ

Назарсанҷӣ: Нуфузи Толибон дар Афғонистон коҳиш меёбад


Бино бар назарсанҷие, ки қисман аз тарафи ҳукумати Иёлоти Муттаҳида сармоягузорӣ шудааст, ҳимояти аҳолии Афғонистон аз Толибон ба поинтарин сатҳи солҳои охир расидааст. Бунёди Осиё, ки натиҷаҳоро нашр кард, мегӯяд, ҳамагӣ 29 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки аҳдофи Толибон барояшон писанд аст. Ин теъдод дар соли 2009 ба 56 дарсад мерасид. Ҳамчунин ҳар чаҳор афғон аз панҷ нафар талошҳои оштӣ ва ҳамоиш бо ошӯбгаронро дуруст мешуморад. Аммо аввалин бор аз оғози ин назарсанҷиҳо дар соли 2004 шумораи онҳое афзудааст, ки фикр мекунанд, Афғонистон ба роҳи хато пеш меравад. Ҳоло 35 дарсад бар инанд, дар ҳоле ки соли гузашта танҳо 27 дарсад роҳи ояндаро иштибоҳ унвон мекарданд.
XS
SM
MD
LG