Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрдори Ню Йорк аз рейди зидди тазоҳургарон дифоъ кард


Шаҳрдори Ню Йорк, Майкл Блумберг аз рейди полис алайҳи нишемани тазоҳургарони зидди корпоратсияҳои Иёлоти Муттаҳида, мавсум ба «Ишғоли Волл Стрит» ҳимоят кард. Ин дар ҳолест, ки фаъолони тазоҳурот амалкарди мақомотро ғайриқонунӣ унвон карданд. Садҳо афсар ва маъмурони интизомӣ тазоҳургаронро аз урдугоҳашон дар чаҳорбоғи Зуккоттӣ берун ронданд. Ҳамчунин наздик ба 200 нафар бозошт шудаанд. Тазоҳуркунандагон ду моҳ ба ин сӯ дар ин боғ хайма зада, эътирози хешро аз ширкатҳои молиявӣ ва бонкдорон баён мекарданд. Қарор аст, иқдоми шаҳрдорӣ дар додгоҳ баррасӣ шавад. Додгоҳ ба тазоҳуркунандагон иҷозаи муваққатӣ додааст, ки то ҳалли қазия дар нишемани хеш боқӣ бимонанд.
XS
SM
MD
LG