Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон. Осмони абрӣ ва ҳавои аз дирӯза гармтар


Пас аз як сардии нисбӣ имрӯз ҳаво дар Тоҷикистон аз дирӯза гармтар хоҳад буд. Ҳарорат дар Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Панҷ, Шаҳритус 6 дараҷа гарм хоҳад шуд. Сокинони Исфара, Конибодом, Хуҷанд ҳавое ба гармии 4, ва Истравшан 2 дараҷa хоҳанд дошт. Дар ҳоле ки дирӯз дар бархе аз ин манотиқ ҳарорат зери сифр буд. Осмон дар аксари манотиқи абрӣ ва нимаабрӣ буда, аммо борише пешбинӣ намешавад, ба истиснои борони кӯтоҳмуддат дар Хоруғ. Ҳаво дар маркази Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз дирӯза сардтар буда, 2 дараҷаи селсияро ташкил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG