Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як ҳавопаймои АН-72. Ин дафъа дар Кобул


Ҳавопаймои навъи АН-72

Ҳавопаймои навъи АН-72

Дар фурудгоҳи шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, ахиран боз як ҳавопаймоии русии АН-72 боздошт шуд.

Дар ин бора Яъқубуллоҳ Расулӣ, райиси майдони ҳавоии пойтахти Афғонистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабар дод ва афзуд, ки "амри таваққуф додани ҳавопаймои ширкати "Суприм" аз сӯи вазорати ҳамлу нақл ба далели мукаммал набудани асноди ин ширкат содир шудааст."

Аммо Яъқубуллоҳ Расулӣ аз додани иттилои бештар дар ин бора худдорӣ намуд. Ӯ дар робита ба хабари маҳз аз фурудгоҳи Кобул ва бо мусоидати афғонҳо ба Тоҷикистон парвоз кардани ду ҳавопаймои ширкати Rolkan Investment LTD гуфт, ки аз ин майдони ҳавоӣ ҳам тайёраҳои низомӣ ва ҳав тайёраҳои мулкӣ парвоз мекунанд ва аз сӯи зердастони ӯ чунин як хилофкорӣ сурат нагирифтааст.

Нангалай Қлатвол, сухангӯи вазорати ҳамлу нақли Афғонистон низ дар сӯҳбат бо мо хабари таваққуф додани боз як ҳавопаймои русӣ дар майдони ҳавоии Кобулро таъйид кард ва афзуд, қаблан ду ҳавопаймое, ки ғайриқонунӣ дар Афғонистон фаъолият мекарданд, забт шуданд.

Аз ин пештар Саид Меҳдӣ, муовини вазири ҳамлу нақли Афғонистон, дар сӯҳбат бо хабаргузориҳо бидуни иҷоза аз фурудгоҳи Кобул ба шаҳри Қӯрғонтеппа парвоз кардани ҳавопаймоҳои ширкати Ролканро тайид кард ва гуфт, ки айни ҳол ду ҳавопаймои дигари ин ширкат дар майдони ҳавоии пойтахтанд. Ва аммо дар мавриди таҳти боздошт қарор доштан ё надоштани ин ҳавопаймоҳову халабонҳои онҳо ӯ чизе нагуфтааст.

Ҳарчанд масъулини ниҳодҳои ҳавопаймоии Афғонистон дар робита ба қазияи халабонҳои ширкати Ролкан ва ҳукми ҳабси онҳо дар додгоҳи Тоҷикистон бештар изҳори беиттилоӣ мекунанд, як корманди вазорати ҳамлу нақли ин кишвар дар сӯҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзҳои ахир тафтиши ҳавопаймоҳо ва муҷаввизи онҳо шадидтар шудааст ва бештар тайёраҳои тафтиш мешаванд, ки мансуб ба ширкатҳои хориҷиянд ва барои кашондани борҳои НАТО сафарбар шудаанд.

Ҳафтаи гузашта бахши русии Би-Би-Сӣ хабар дод, ки мақомоти Афғонистон иттилоъи бо дархости онҳо дар Тоҷикистон боздошт шудани ҳавопаймоҳои ширкати Ролкан ва халабонҳои онҳоро тайид карданд. Як манбаъ ба хабарнигори Би-Би-Сӣ гуфтааст, дар робита ба ин қазия ҳафт корманди ширкати давлатии ҳавопаймоии Ориёно дастгир шудаанд, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Афғонистонанд. Ва аммо Мӯъинхон Вардак, раиси ширкати Ориёно, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари боздошти кормандонашро рад кард. "Ин иттилоъ сиҳат надорад, ҳеҷ корманди мо дар ин тайёраҳо ғараз надорад, мо ин хабарро рад мекунем", - изҳор намуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол аз як мурофиаи додгоҳии дигари ширкати Rolkan Investment Ltd. хабар расид, ки панҷ сол пеш сурат гирифта буд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, моҳи марти соли 2006-ум ҳамкори ин ширкат мавсум ба Astral Aviation Ltd. ба додгоҳи Найроби шикоят бурда, иброз дошт, ки сар аз моҳи январи соли 2005-ум бо ширкати Rolkan Investment Ltd созиши ҳамкорӣ ба имзо расонида, барои се халабони он - капитан Сергей Полуянов, капитан Владимир Садовничий ва капитан Валерий Морозов иҷозати иқомату кор дар Кенияро фароҳам овардааст.

Аммо ба қавли Astral Aviation Ltd. халабонҳои Rolkan Investment Ltd бидуни огаҳии пешакӣ, худсарона ҳамкорӣ бо ин ширкатро қатъ намуда, 7 марти соли 2006-ум ҳавопаймоҳояшонро дар фурудгоҳи Jomo Kenyatta International Airport партофта, дар самти номаълум ғайб задаанд. Ширкат аз додгоҳ дархост намуд, ки то анҷоми баҳс ҳавопаймоҳо ба ҳабс гирифта шаванд.

Аммо дар додгоҳ капитан Полуянов аз имзояш даст кашида, гуфтааст, ки имзои санад имзо ӯ нест. Ба думболи ин додгустар ҳукм содир кард, ки ширкати Astral Aviation Ltd. далелҳои идомаи ҳамкориро дар ихтиёри додгоҳ гузорад ва ё қазия лағв хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, як ҳафта пеш додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонҳои ширкати Rolkan Investment LTD - шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро барои қочоқ, марзшиканӣ ва нақзи меъёрҳои байнулмилалии парвоз барои ҳашту ним солӣ маҳкум ба зиндон кард. Ин ҳукм боиси хашму ғазаби Маскав ва таниши ҷиддӣ дар равобити миёни Русияву Тоҷикистон шуд. Ва аммо Кобул, ки низ дахил ба ин қазия маҳсуб мешавад, то ҳанӯз дар ин бора ягон изҳороти расмӣ нашр накардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG