Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

0:3 - боз як бохти бузурги тими миллии Тоҷикистон


Акс аз бозии аввали тимҳои Тоҷикистону Узбаки стон дар шаҳри Турсунзода
Акс аз бозии аввали тимҳои Тоҷикистону Узбаки стон дар шаҳри Турсунзода
Тими миллии футболи Тоҷикистон имрӯз дар Тошканд аз тими Узбакистон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Ин бозии даври панҷуми мусобиқоти гурӯҳӣ барои дарёфти роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар гурӯҳи С аз қораи Осиё дар варзишгоҳи «Пахтакор» доир шуд. Тӯбҳоро дар дақиқаи 34-ум Санҷар Турсунов, дар дақиқаи 60-ум Одил Аҳмадов ва дар дақиқаҳои 72 Александр Гейнрих заданд. Бозии аввали ин ду тим дар Турсунзода бо ҳисоби 0:1 ба фоидаи Узбакистон анҷом ёфта буд. Тоҷикистон ба ин тартиб ҳамаи 5 бозиаш дар ин гурӯҳро бохт. Сармураббии тим Олимҷон Рафиқов ҳанӯз қабл аз рақобат бо тими Узбакистон дар Тошканд гуфт, тими Тоҷикистон худро дар байни тимҳои пурқуввати қораи Осиё мисли як шогирд эҳсос мекунад, вале ин бозиҳо барояшон як мактаби бузург буд.
XS
SM
MD
LG