Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии бузургтарин "Қуръон"-и дунё дар Қазон


“Қуръон”-е, ки бузургтарин нусхаи ин китоби муқаддаси дини Ислом шумурда мешавад, рӯзи панҷшанбе дар як маросим дар масҷиди Қулшарифи Қазон аз сӯи раисиҷумҳури Тотористони Русия Рустам Миннихонов муаррифӣ хоҳад шуд. Ин китоб, ки давру бараш 1,5 ба 2 метр ва вазнаш 800 килост, бо дархости як сандуқи расмии фарҳангии Тотористон дар Итолиё нашр шудааст. Қимати ин “Қуръон”-и музайян бо ҷавоҳиротро то 1 миллион евро мегӯянд. Ин китоби нодир то моҳи июн дар масҷиди Қулшариф ба маърази тамошо гузошта шуда, сипас ба шаҳри Булғор , пойтахти салтанати собиқи аҷдоди тоторҳо, ки соли 922 ба Ислом гароиданд, бурда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG