Пайвандҳои дастрасӣ

Эрдуғон: Туркия дигар ба режими Асад бовар надорад


Эрдуғон (акс аз бойгонӣ)

Эрдуғон (акс аз бойгонӣ)

Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфт, Анкара дигар ба режими Сурия эътимод надорад. Эрдуғон раисиҷумҳури Сурия Башор Асадро ҳушдор додааст, ки “дар лаби варта” қарор дорад ва саркӯбии эътирозҳо ӯро дар радифи раҳбарони “оғӯштаи хун” хоҳад гузошт: “Ояндаро наметавон бар рӯи хуни мардуми мазлум сохт. Таърих раҳбаронеро, ки худро оғӯштаи хун мекунанд, фаромӯш нахоҳад кард.” Туркия дар пайи ҳамлаҳои рӯзи шанбе ба сафораташ дар Димишқ ва консулгариҳояш дар ду шаҳри дигари Сурия аъзои хонаводаҳои дипломатҳои худро берун кашид.
Дирӯз Урдуну Амрико низ хостори истеъфои Асад шуданд. Малики Урдун Абдуллоҳ дар мусоҳиба бо ББС гуфт: “Агар ман ба ҷои ӯ мешудам, истеъфо медодам. Агар Асад манфиати кишварашро бихоҳад, истеъфо медиҳад, вале имкони шурӯъи марҳалаи нав дар ҳаёти сиёсии Сурияро низ эҷод хоҳад кард.”
Абдуллоҳ нахустин раҳбари арабист, ки Башор Асадро ба тарки мақом даъват мекунад.
Бо ин ҳол, ба гуфтаи мухолифин, дирӯз дар Сурия дар идомаи саркӯбии намоишҳои зидди режим то 70 тан кушта шуданд. Ба ҳисоби СММ, тайи 8 моҳи эътирозҳои алайҳи режими Башор Асад беш аз 3500 тан ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG