Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳтамбоев рӯзи 1 декабр адои савганд хоҳад кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Расми адои савганди раисиҷумҳури ҷадиди Қирғизистон Алмосбек Аҳтамбоев рӯзи 1 декабр доир хоҳад шуд. Бо фармони раҳбари феълии кишвар Роза Отунбоева, масъулияти баргузории ин маросим ба раҳбари дафтари раёсатҷумҳурӣ Эмилбек Картағоев вогузор шудааст. Аҳтамбоев дар интихоботи рӯзи 30 октябр бо касби 63 дарсади оро ғолиб омад. Ӯ, ки дар давраи интихобот аз симати сарвазирӣ муваққатан канор рафта буд, дирӯз ба кор баргашт.
XS
SM
MD
LG