Пайвандҳои дастрасӣ

Русия Полуяновро ба Тоҷикистон нахоҳад супурд


Як мақом дар вазорати умури дохилаи Русия гуфтааст, ки ин кишвар тибқи Қонуни асосиаш шаҳрвандони худро ба кишварҳои хориҷ намесупорад ва табъан раҳбари ширкати «Ролкан» Сергей Полуяновро низ ба Тоҷикистон нахоҳад дод. Аммо ин манбаъи хабаргузории «Интерфакс» афзудааст, дар сурати ба дасти Маскав расидани маводди парвандаи ҷиноӣ онҳо ба таъйини маҳалли будубоши Полуянов иқдом хоҳанд кард. Қаблан додситонии вилояти Хатлон бо ирсоли дархости расмӣ аз додситонии Русия боздошт ва истирдоди раҳбари «Ролкан»-ро тақозо карда буд. Дар Хатлон алайҳи ин ширкат як рӯз пеш парвандаи ҷиноӣ боз карданд.
XS
SM
MD
LG