Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мавсими нави NBA зери хатар рафт


Аз қарордоди ахири пешниҳодии NBA даст кашидани бозигарон шонси оғози мавсими нави ин мӯътабартарин сабқати баскетболро тақрибан замин мекунад. Бозигарон дирӯз баъди нокомии музокирот эълон карданд, ки иттиҳодияи баскетболбозонро пароканда карда, алайҳи моликони тимҳои NBA ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд. Намояндаи бозигарон Биллӣ Ҳантер гуфт: “Мо ба чунин натиҷа расидем, ки раванди музокироти муштарак комилан ноком шудааст.”
Бозигарон пешниҳоди 50 ба 50 тақсим кардани фоидаҳои мусобиқоти мавсими солҳои 2011-2012-ро, ки мебоист ҳанӯз 2 ҳафта пеш оғоз меёфт, радд карданд. Қаблан 57 дарсади ин фоидаҳо ба ҷайби баскетболбозон мерафт. Куммиссари NBA Девид Штерн гуфт, мавсими ҷадид “акнун таҳти хатар қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG