Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастикам 6 кушта дар ҳамлаи мушакӣ дар Мироншоҳ


Мақомоти амниятии Покистон мегӯянд, ҳамлаи мушакии ҳавопаймои бесарнишини эҳтимолан амрикоӣ имрӯз дар минтақаи қабиланишини бо Афғонистон ҳаммарзи Вазиристони шимолӣ дастикам 6 нафареро, ки гумон меравад, чирикӣ бошанд, кушта ба ҷо гузошт. Бино ба хабарҳо, ҳамлаи субҳи содиқи сешанбе манзилеро дар Мироншоҳ – бузургтарин шаҳри Вазиристони шимолӣ- ба ҳадаф дошта, алайҳи ин манзил ду мушак шиллик шудааст. Амрико алайҳи ҷангиёни Толибон ва Ал-Қоида дар ҳошияи марзи Покистон аз ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин зуд-зуд истифода мебарад.
XS
SM
MD
LG