Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Амрико ба истеъфои Башор Асад


Амрико мегӯяд, раисиҷумҳури Сурия Башор Асад дар инзивоъи афзоянда қарор гирифта, қонунмандиашро аз даст додааст ва бояд тарки мақом кунад. Сухангӯи Кохи Сафед Ҷош Эрнест гуфт: «Мавзеъи маъмурияти Обама дар ин масъала рӯшан аст: Президент Асад машрӯъияти раҳбариро аз даст додааст ва бояд биравад.»
Дирӯз малики Урдун Абдуллоҳ нахустин раҳбари арабие шуд, ки Башор Асадро ба тарки мақом даъват кард. Ахиран Лигаи Араб узвияти Сурияро мутаваққиф сохта, ИА дирӯз таҳримоташ алайҳи Димишқро афзоиш дод. Ба ҳисоби СММ, аз оғози эътирозҳои алайҳи режими Асад дар моҳи март дар Сурия беш аз 3500 тан ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG