Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши ҳимояти афғонҳо аз чирикиҳои толиб


Мизони ҳимояти мардуми Афғонистон аз Толибон ба пойинтарин ҳадд дар чанд соли охир расидааст. Бар асоси натоиҷи назархоҳие, ки Сандуқи Осиё аз ҷумла бо кумаки молии давлати Амрико анҷом дод, ба фарқ аз 56 дарсади ду соли пеш ин бор фақат 29 дарсад аз аҳдофи Толибон пуштибонӣ кардаанд. Бо ин ҳол, 80 фоизи пурсидашудаҳо тарафдори талошҳо барои сулҳу оштӣ бо чирикиҳо будаанд. 46 дарсад гуфтаанд, ки Афғонистон аз масири дуруст пеш меравад. 35 дарсад назари мухолиф дошта, шумори чунин афрод назар ба як соли пеш 8 дарсад афзудааст.
XS
SM
MD
LG