Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти панҷуми Тоҷикистон дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аз тими миллии Узбакистон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Ин бозии даври панҷуми марҳилаи севуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар минтақаи Осиё дар гурӯҳи “С” 15-уми ноябр дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Тошканд бо ҳузури 5325 тамошогар баргузор шуд.

Як голи мизбононро Санҷар Турсунов дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 34-ум зад. Дар нимаи дуввум Одил Аҳмадов (дақиқаи 60-ум) ва Александр Гейнрих (дақиқаи 70-ум) якголӣ ба самар расонданд.

Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон дар бозӣ бо Узбакистон ҳамагӣ 12 нафар ширкат доштанд, ки 7 нафарашон аз тими “Истиқлол”-и Душанбе буданд: дарвозабон - Алишер Тӯйчиев, ҳимоятгарон – Соҳиб Сувонқулов, Эраҷ Раҷабов, Давронҷон Эргашев, Акмал Сабуров (дар нимаи дуввум Ҷамшед Исмоиловро иваз кард), нимҳимоятгарон - Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев.

Се нафар – нимҳимоятгарон Ҷамшед Исмоилов, Хуршед Маҳмудов, капитани даста ва ҳамлагар Аҳтам Ҳамроқулов, ҳарсе аз тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, Комил Саидов, ҳамлагари ССКА “Помир” ва як легионер - Фарҳод Восиев аз дастаи “Шинник”-и Ярославли Русия буданд.

Сардовари ин бозӣ Муҳаммад Ал Зарунӣ (Аморати Муттаҳидаи Араб) дар ҷараёни қувваозмоӣ ба 7 бозигари мизбонон ва ду бозигари меҳмонон (Давронҷон Эргашев ва Дилшод Восиев) корти зард нишон дод. Эраҷ Раҷабов, ки дар дақиқаи 85-ум корти сурх гирифт, аз майдон хориҷ шуд.

Баъди анҷоми бозии дастаҳои Узбакистону Тоҷикистон Олимҷон Рафиков, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфтааст, “мо имрӯз хостем хуб бозӣ кунем, вале рақибамон аз мо зӯртар буд. Фикр мекунам, ки иллати нокомии мо дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонӣ камтаҷрибагии футболбозони мо мебошад. Ба ин нигоҳ накарда мо дар ин сабқат аз дастаҳои пурқуввати Ҷопону Узбакистон ва Куриёи Шимолӣ таҷоруби хуби бозиҳои байнулмилалӣ касб кардем. Ва дар бозии охирин бо Куриёи Шимолӣ кӯшиш мекунем, ки ба натиҷаи хуб ноил шавем. Ҳарчанд, ки ин мушкил аст, мо ҳамаи қувваамонро сарф хоҳем кард”.

Вадим Абрамов, сармураббии тими миллии Узбакистон, ба суолҳои хабарнигорон посух дода, аз ҷумла гуфтааст, “вақте, ки футболбозони мо ба майдон баромаданд, ба онҳо натиҷаи бозии дастаҳои Куриёи Шимоливу Ҷопон маълум буд. Ин то як андоза онҳоро хотирҷамъ кард. Бинобар ин дар нимаи аввали бозӣ чандон муваффақона ҳунарнамоӣ накарданд. Вале дар нимаи дуввуми дидор мо он футболеро нишон додем, ки ба он одат кардаем.”

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозияш дар марҳилаи севуми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 рӯзи 2 сентябр дар варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода аз тими миллии Узбакистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буд. Танҳо голи ин бозиро дар дақиқаи 72-юм ҳамлагари меҳмонон Максим Шатских, бозигари “Арсенал”-и Киеви Укроин, зада буд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “С” 15-уми ноябр тими Ҷопон дар меҳмонӣ аз мунтахаби Куриёи Шимолӣ бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Голро дар дақиқаи 50-ум Пак Нам Чол ба самар расонд.

Ба ин тартиб, мунтахаби Узбакистон бо 13 имтиёз дар гурӯҳи “С” дар ҷои аввал мебошад. Вале дастаи Тоҷикистон бидуни имтиёз пас аз тимҳои Ҷопон (10 имтиёз) ва Куриёи Шимолӣ (6 имтиёз) дар зинаи охирин – чаҳорум қарор дорад.

Дастаҳои Ҷопон ва Узбакистон, ки сарфи назар аз натоиҷи бозии охирин ба даври баъдӣ роҳ ёфтаанд, дар бозӣ байни худ барои ғолиб шудан дар гурӯҳ талош хоҳанд кард.

Бозиҳои дигари даври панҷуми сабқати гурӯҳӣ бо чунин натиҷаҳо поён ёфтанд:

Гурӯҳи “А” - Сингапур –Чин -- 0:4
Урдун – Ироқ – 1:3

Гурӯҳи “В” - Лубнон – Куриёи Ҷанубӣ -- 2:1
Кувайт – Аморати Муттаҳидаи Араб – 2:1

Гурӯҳи “D” - Тайланд – Австралия - 0:1
Арабистони Саудӣ – Умон – 0:0

Гурӯҳи "Е - Индонезия – Эрон -- 1:4
Қатар – Баҳрайн – 0:0

Баъди панҷ давр мавқеи дастаҳо дар гурӯҳҳо чунин аст:

Гурӯҳи “А”
1.Урдун - 12 имтиёз, тӯбҳо 10-4
2.Ироқ - 12 имтиёз, тӯбҳо 7-3

3.Чин - 6 имтиёз, тӯбҳо 7-5
4.Сингапур - 0 имтиёз, тӯбҳо 1-13

Гурӯҳи “В”
1.Куриёи Ҷанубӣ – 10 имтиёз, тӯбҳо 12-4
2.Лубнон - 10 имтиёз, тӯбҳо 8-10

3.Кувайт - 8 имтиёз, тӯбҳо 8-7
4.АМА - 0 имтиёз, тӯбҳо 5-12

Гурӯҳи “C”
1.Узбакистон - 13 имтиёз, тӯбҳо 7-1
2.Ҷопон - 10 имтиёз, тӯбҳо 14-2

3.Куриёи Шимолӣ - 6 имтиёз, тӯбҳо 2-3
4.Тоҷикистон – 0 имтиёз, тӯбҳо 0-17

Гурӯҳи “D”
1.Австралия - 9 имтиёз, тӯбҳо 8-3
2.Арабистони Саудӣ - 5 имтиёз, тӯбҳо 4-3

3.Тайланд - 4 имтиёз, тӯбҳо 4-5
4.Умон - 4 имтиёз, тӯбҳо 1-6

Гурӯҳи “Е”
1.Эрон - 11 имтиёз, тӯбҳо 15-3
2.Қатар – 9 имтиёз, тӯбҳо 8-3

3.Баҳрайн - 6 имтиёз, тӯбҳо 3-7
4.Индонезия - 0 имтиёз, тӯбҳо 3-16

Шаш даста – Урдун ва Ироқ (гурӯҳи “А”), Ҷопон ва Узбакистон (гурӯҳи “С”), Австралия (гурӯҳи “D”) ва Эрон (гурӯҳи “Е”) сарфи назар аз натоиҷи бозиҳои даври охирин ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфтанд.

Тимҳои Куриёи Ҷанубӣ, Лубнон ва Кувайт (гурӯҳи “В”), Арабистони Саудӣ, Тайланд ва Умон (гурӯҳи “D”), Қатар ва Баҳрайн (гурӯҳи “E”) барои ба даст овардани роҳхатҳо ба даври баъдӣ талош хоҳанд кард.

Вале дастаҳои Чин ва Сингапур (гурӯҳи “А”), Аморати Муттаҳидаи Араб (гурӯҳи “В”), Куриёи Шимолӣ ва Тоҷикистон (гурӯҳи “С”) ва Индонезия (гурӯҳи “Е”) аз ҳаққи идомаи мубориза барои роҳ ёфтан ба сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар Бразил маҳрум шуданд.

Бояд тазаккур дод, мунтахаби Тоҷикистон ягона дастаест, ки дар панҷ бозӣ ба дарвозаи рақибонаш ягон гол назадааст ва аз ҳама бештар - 17 гол хӯрдааст. Инчунин Тоҷикистон бозиро дар сафар ба тими Ҷопон, қаҳрамони чаҳоркарата ва феълии Осиё, бо ҳисоби аз ҳама бузург - 0:8 бохтааст.

Бозиҳои даври шашум ва охирини сабқати гурӯҳӣ рӯзи 29-уми феврали соли 2012-ум баргузор мешаванд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар майдони худ бо тими миллии Куриёи Шимолӣ рақобат хоҳад кард.
Дар бозии дигари ин гурӯҳ тими Ҷопон дар майдони худ бо мунтахаби Узбакистон рӯбарӯ хоҳад шуд.

Баъди анҷоми бозии Узбакистону Тоҷикистон хабарнигори радиои Озодӣ бо Зоир Бобоев, собиқ сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, Лоиқ Алиев, мухлиси футбол ва Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, ҳамсӯҳбат шуд ва аз онҳо хоҳиш кард, ки дар бораи ширкати мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 андешаҳои худро баён созанд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:37 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG