Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон имрӯз бо Узбакистон рақобат мекунад


Бозии аввали Тоҷикистону Узбакистон дар варзишгоҳи Турсунзода
Бозии аввали Тоҷикистону Узбакистон дар варзишгоҳи Турсунзода
Тими миллии футболи Тоҷикистон имрӯз дар даври панҷуми мусобиқоти гурӯҳӣ барои дарёфти роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар Тошканд бо тими Узбакистон вориди рақобат хоҳад шуд. Бозии аввали ин ду тим дар Турсунзода бо ҳисоби 0:1 ба фоидаи футболбозони узбак анҷом ёфта буд.
Тими Тоҷикистон, ки аксари бозигаронаш аз «Истиқлол»-и Душанбест, то ҳол ҳамаи 4 бозии худ дар гурӯҳи С-ро бохта, амалан шонси роҳ ёфтан ба даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳониро, ки соли 2014 дар Бразилия хоҳад гузашт, аз даст додааст. Сармураббии тим Олимҷон Рафиқов дар Тошканд гуфтааст, ки тими Тоҷикистон худро дар байни тимҳои пурқуввати қораи Осиё мисли як шогирд эҳсос мекунад, вале бо вуҷуди бохтҳои паиҳам ин мусобиқот барои футболбозони тоҷик як мактаби бузург буд. Бозии байни тимҳои Узбакистону Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Пахтакор» соати 18 ба вақти Душанбе оғоз хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG