Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои даври 30-юми сабқати лигаи якуми футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Натоиҷи бозиҳо чунин аст:
“Ҳулбук” - “Сабо” - 1:1
“Ситора” - “Локомотив” - 5:1
“Пахтакор” - “Ҳосилот” - 0:1
“Рашт” - “Данғара” - 0:3 (техникӣ)
“Зарафшон” - “Кӯктош” (бозии даври 22-юм) – 3:0 (техникӣ)


Ба гуфтаи Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии “Локомотив” - “Кӯктош” (даври 29-ум) ба иллати набудани кормандони ҳифзи тартибот ва духтурон дар варзишгоҳ меҳмонон аз сабқат даст кашиданд.

Ин ҳодиса дар кумитаи назорату ахлоқи федератсия мавриди муҳокима қарор гирифт ва дастаи мизбон - “Локомотив” бо ҳисобии фаннии 0:3 мағлуб дониста шуд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Сайидамир Мирзоев (“Ҳулбук”) бо 22 гол дар ҷои аввал мебошад. Абдуҳалим Боронов (“Румӣ”) бо 20 гол дар ҷои дуввум аст.

То анҷоми мусобиқот ҳамагӣ 8 бозии дигар мондааст. Ғолиби сабқати лигаи аввал рӯзи 15-уми ноябр пас аз анҷоми ду бозӣ миёни дастаҳои “Зарафшон” - “Ҳулбук” ва “Ҳосилот” - “Кӯктош” муайян мешавад. Футболбозони шаҳри Панҷакент дар мавриди пирӯзӣ мавқеи худро дар садри ҷадвали мусобиқот нигоҳ хоҳанд дошт.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Зарафшон” (Панҷакент) 25 17 5 3 55-22 56
2. «Ҳосилот» (Фархор) 25 17 4 4 47-20 55
3. «Ҳулбук» (Восеъ) 25 15 6 4 64-28 51
4. «Ситора” (Рӯдакӣ) 25 14 7 4 47-19 49
5. “Румӣ” (Румӣ) 26 15 2 9 64-37 47
6. «Сабо” (Шаҳринав) 24 14 4 6 64-26 46
7. «Пахтакор» (Қубодиён) 25 11 5 9 45-38 38
8. «Саройкамар» (Панҷ) 25 10 4 11 35-36 34
9. «Вахши зарнисор» (Вахш) 24 9 6 9 41-39 33
10. «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 22 8 3 11 29-36 27
11. “Данғара” (Данғара) 25 7 5 13 30-35 26
12. “Локомотив” (Душанбе) 25 5 2 18 23-69 17
13. “Ҷавонон” (Турсунзода) 26 3 3 20 15-77 12
14. Рашт” (Рашт) 26 1 0 25 7-84 3
Бозиҳои мавқуфмонда:

15-уми ноябр (сешанбе)
“Зарафшон” - “Ҳулбук”
“Сабо” - “Саройкамар”
“Локомотив” - “Вахши зарнисор”
“Ҳосилот” - “Кӯктош”

18-уми ноябр (ҷумъа)
“Кӯктош” - “Пахтакор”
“Данғара” - “Сабо”
21-уми ноябр (душанбе)
“Вахши зарнисор” - “Кӯктош”
24-уми ноябр (панҷшанбе)
“Кӯктош” - “Ситора”

Оғози бозиҳо – соати 14.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG