Пайвандҳои дастрасӣ

16 сол қабл. Чӣ гуна низомиёни рус Кӯлобро "ғасб" карданд?


Бинои Идораи пулиси шаҳри Кӯлоб

Бинои Идораи пулиси шаҳри Кӯлоб

Афсарони пойгоҳи 201 бинои додгоҳ, додситонӣ ва шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлобро иҳота карданд.

Зиреҳпӯши мансуб ба ин пойгоҳи низомии Русия дарвоза ва тирезаҳои ошёнаи якуми бинои Шӯъбаи корҳои дохилиро шикаст ва афсари русеро, ки дар куштор гумонбар дониста мешуд озод ва теъдоде аз кормандони миллисаро ҳамчун асир ба дохилӣ пойгоҳ бурданд.

Ин ҳодиса тирамоҳи соли 1995, яъне 16 сол пеш, рух дода буд, ки акнун бо таҳдиди бархе аз сисёсатмадорони рус, ки дар ҳалли қазияи халабони маҳбуси рус дар Қӯрғонтеппа аз пойгоҳи низомӣ истифода шавад, ҳодисаи мазкур дубора дар ёдҳо зинда мегардад.

"ҲУҶУМИ РУСҲО ДАҲШАТ БУД"

Исмоил Иброҳимов, ки он сол сардори кофтукоби ҷиноии Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб буд, ин ҳодисаро ҳамчун «даҳшат» ёд мекунад.

Исмоил Иброҳимов

Исмоил Иброҳимов

Ӯ мегӯяд, дар маҳаллӣ ҳодиса набуд, вале замоне ба ин ҷо расид, ҳама ҷо ғасб шуда буд. Аллакай ба гуфтаи ӯ, аслиҳаи кормандони шӯъбаи корҳои дохила гирифта шуда, чаҳор нафари онҳо ҳамчун асир ба дохили пойгоҳи низомӣ, ки тақрибан дусад метр дур аз бинои Шӯъбаи корҳои дохила ҷойгир аст, бурда буданд.

Ҷаноби Иброҳимов мегӯяд, ин ҳодиса то ҳадде ғайриинтизор ва даҳшатбор буд, ки президентҳои ду кишвар ба он таваҷҷӯҳ карданд ва танҳо бо дахолати онҳо ин масъала ҳалли худро ёфт.

Ин мусоҳиби мо мегӯяд, "ин гап ба тамоми Тоҷикистону Русия паҳн шуд. Комиссияе, ки барои озодсозии милисаҳо ташкил ёфта буд, ман ҳам будам. Ба КПП рафтем, қариб ба болои сарамон тир паронанд. Командири пойгох подполковник Лаптиёнов буд. Гуфтем, ки чӣ ҳуқуқ доред, ки ин корро мекунед. Баъдан гапҳо дар сатҳи болои ҳукуматҳои ҳал шуд ва мо омадему милисаҳоро ҷавоб доданд."

"АФСАРИ РУС ЗАНЕРО КУШТА БУД"

Корманди дигари собиқи милиса, ки зикри номашро муҳим надонист, бо ёддоварӣ аз ин ҳодиса гуфт, ин амалиёт ногаҳонӣ шуд ва онҳо дар ғафлат монданд. Ба гуфтаи ӯ, русҳо атрофи биноҳои мақомоти интизомиро дар як дам муҳосира кардан ва омода буданд, ки дар посухи каме муқоибилият, ҳамаро ба хок яксон кунанд.

Вай аз он рӯзҳо ин гуна ёдоварӣ кард: "Бо тамоми яроқҳо биноҳоро забт карда буданд. Ду БТР-у танк дар атрофи ШКД буд. Мо бехбар ва беяроқ дар кабинети корӣ нишаста будем. Ба мо гуфтанд, ки дигар наҷунбед ва муқобилият нишон надиҳед, ки моро аллакай иҳота кардаанд. Мо ҳеҷ кор карда ҳам наметавонистем. Корманди Кумитаи амният Саидов Ҳотам баромад ва хоҳиш кард, ки қонуншиканӣ накунед, вале дастонашро ба пушташ бастанд. Ҳуҷраи нигаҳдошти яроқро тасарруф карданд. Бо стволи БТР тирезаро шикастанд ва аз ҳамон дарун афсари русро, ки дар хонаи 26-и маҳаллаи 10-ум занеро кушта буд, озод карда бурданд. Баъдан вақте, ки ҳукуматҳо дахолат карданд, пойгоҳ 40 ҳазор ба пули ҳамон вақта ҳамчун ҷуброн дода буд."

ХОТИРОТИ ДОНИШҶӮ: "ҲАМА БА ЗАМИН ХОБИДЕМ"

Ба қавли шоҳидон, афсарони рус на танҳо бо яроқу аслиҳа низомиён, балки шаҳрвандони оддиро низ таҳдид карданд. Алихон, ки он замон донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи Кӯлоб будааст, мегӯяд, ҳамаи роҳгузаронро фармони ба замин хобидан доданд ва то анҷоми амалёт касе аз рӯи замин ёрои аз ҷой хестан надошт: "Ҳама ба шикам хобида буд. Мо аз дарс мебаромадем, ки бо русӣ фармон шуд, ки ҳама ба замин. Ман дар рӯи битон будам, баъзеҳо дар даруни латок ва хоку хору хас ба шикам заданд. Мо ду нафар донишҷӯ будем, дигарон одамони оддӣ."

Саъдӣ Назарзода

Саъдӣ Назарзода

Саъдӣ Назарзода, ки он замон хонандаи синфи 7-уми яке аз мактабҳои миёна будааст, мегӯяд, ин ҳодиса то дер дар дили сокинон тарсу ваҳм эҷод карда буд: "Ҳама тарсидем. Одамонро мегуфтанд, ки ин тарафҳои дивизия наоед, ки ҷанг аст. Кадом муаллиме гуфт, ки тамом тирпаронӣ мешавад. Гуфтанд, ки урусҳо милисаҳоро бурданд. Мо мактаббачагон тарсида будем ва то тамом кардани мактаб ба худ хавф доштем, ки русҳо кадом рӯзе моро мекушанд. Он ҳодиса даҳшате аз ваҳшигарӣ буд, ки дар ёди мо мондааст."

РУСҲО ХАЛАБОНОНРО БО ЧУНИН ШЕВА ОЗОД МЕКУНАНД?

Бо таҳдиди бархе аз сиёсатмадорони рус, ки дар ҳали қазияи халабонҳо аз нерӯи пойгоҳҳо истифода шавад, сокинон он ҳодисаро ба ёд меоранд.

Аммо Баҳромшоҳи Искандаршоҳ, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, он замоне, ки русҳо ба таъбири тоҷикон «говзурӣ» мекарданд, гузаштааст. Ба гуфтаи Баҳромшоҳ, вазъи Тоҷикистон аз он замон то ҳол ба кули фарқ мекунад ва истифодаи нерӯҳои низомӣ дар ҳали қазияҳои кӯчак обрӯи Русияро хатчадор мекунад. Инчунин садҳо шартномаҳо ҳаст, ки ин амали Русияро маҳкум мекунад: "Шароит тамоман дигар шудааст. Ба ин худи Русия ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам иҷоза намедиҳад. Пойгоҳи Русия тибқи Дарвозаи қисман харобгаштаи бинои ШКД-и шаҳри Кӯлоб

Дарвозаи қисман харобгаштаи бинои ШКД-и шаҳри Кӯлоб

шартномаҳо бояд амнияти Тоҷикистону минтақаро ором нигаҳ дорад, на ин ки онро вайрон кунад. Шояд аз ин пойгоҳҳо махфиёна ба зарари кор истифода шавад, аммо Русия ҳеҷ гоҳ ба мисле, ки чанд сол пеш дар Кӯлоб рӯирост ва ошкоро истифода карда буданд, иҷоза намедиҳад."

Аз воқеаи ҳамла ба шӯъбаи корҳои дохилӣ ва асир гирифтани кормандони он дар Кӯлоб ба хотири раҳоии як афсаре, ки дар куштор гумонбар дониста мешуд, 16 сол сипарӣ шудааст. Аммо ҳанӯз ҳам норӯшаниҳои зиёде дар ин "амалиёт" вуҷуд дорад. Суолҳое, ки чаро қазия бо роҳи низомӣ ҳал шуд ва тақдири афсари гумонбар дар куштор чӣ шуд, бепосуханд. Аз ин ҳодиса танҳо даҳшат дар ёдҳо ва як дарвозаи қисман харобгаштаи бинои ШКД-и шаҳри Кӯлоб боқӣ мондааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG