Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико интихоботи Осетияи Ҷанубиро эътироф намекунад


Иёлоти Муттаҳида интихоботи президентии Осетияи Ҷанубиро эътироф накард. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико, Марк Тонер гуфт, кишвараш аз истиқлолият ва тамомияти арзии Гурҷистон ва ҳамчунин марзҳои ба таври байнулмилалӣ эътирофшудаи он шадидан ҳимоят мекунад ва аз Русия даъват мекунад, ӯҳдадориҳои хешро тибқи қарордоди оташбаси соли 2008 иҷро кунад. Ин созиш пас аз ҷанги кӯтоҳе байни Русия ва Гурҷистон бар сари Осетияи Ҷанубӣ иттифоқ афтода буд. Бино ба шартҳои созишнома Русия бояд нерӯҳои худро ба мавзеъҳои пеш аз ҷанг ақиб кашад. Танҳо Русия ва чанд кишвари дигар Осетияи Ҷанубиро ба ҳайси давлати мустақил эътироф карданд. Дар интихоботи рӯзи якшанбе номзади мавриди пуштибонии Маскав, вазири пешини ҳолатҳои изтирорӣ Анатолий Бибилов ва вазири собиқи маориф Алла Дзоева ҳар кадом 25 дарсадӣ раъйгирифтанд. Дар ду ҳафта бояд даври дувуми интихобот баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG