Пайвандҳои дастрасӣ

Меркел қатли муҳоҷиронро аз тарафи тундравҳо маҳкум кард


Сарвазири Олмон Ангела Меркел куштори нӯҳ муҳоҷир ва як корманди полисро аз тарафи гурӯҳи миллатгаро «як шармсории миллӣ» барои кишвараш номид. Бино ба маълумоти расонаҳо, полиси Олмон бар ин аст, ки як гурӯҳи тундрав масъули қатли ҳашт коргари туркиасл ва як зодаи Юнон дар солҳои 2000 то 2006 аст. Ҳамчунин як зан – корманди полис аз тири ин гурӯҳ дар соли 2007 кушта шудааст. Меркел ба таҳкими мубориза бо гурӯҳҳои дастиростии ваҳшатафкан шуд. Чанде аз сиёсатмадорони олмонӣ хостаанд, Ҳизби ростгарои миллӣ-демократӣ, ҳамчун илҳомбахши чунин андешаҳо манъ карда шавад. Ҳукумати Туркия ба таҳқиқи қатлҳо даъват кард. Дар Олмон наздик ба се миллион нафар зодагони Туркия зиндагӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG