Пайвандҳои дастрасӣ

Даьвати сафири Тоҷикистон ба Вазорати умури хориҷии Русия


Сафири Тоҷикистон дар Русия, Абдулмаҷид Достиев дар робита ба парвандаи халабон Владимир Садовничий ба Вазорати умури хориҷии Русия даъват шуд. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорат муовини вазири умури хориҷии Русия, Георгий Карасин бо сафири Тоҷикистон мулоқот карда ва нигаронии «амиқ»-и тарафи русиро аз сарнавишти ояндаи шаҳрванди Русия Садовничий ва «ҳамқавм»-и русҳо, шаҳрванди Эстония Алексей Руденко баён доштааст. Карасин изҳори умедворӣ кард, ки додгоҳи Тоҷикистон ҳукме содир хоҳад кард, ки ҳамаи тарафҳоро қонеъ мекунад ва халабонҳо озод мешаванд. Сафири Тоҷикистон гуфт, нигаронии Маскавро ба ҳукумати кишвари худ хоҳад расонд ва ӯ низ бовар дорад, ки ҳалли қобили қабули тарафайн дар ин масъала ба даст хоҳад омад.
XS
SM
MD
LG