Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ба ширкаткунандагони Луя Ҷирга таҳдид карданд


Толибон дар як изҳорот ширкаткунандагони ҳамоиши миллии афғонҳоро таҳдид карданд, ки агар онҳо барои ҷойгир шудани пойгоҳҳои доимии Амрико дар Афғонистон раъй диҳанд, ҷазои сахт хоҳанд дид. Қарор аст, рӯзи чаҳоршанбе дар Луя Ҷирга ё анҷумани умумӣ қарододи коршарикӣ бо Иёлоти Муттаҳида ва гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибон баррасӣ шаванд. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико, Марк Тонер дар бораи ин ҳамоиш гуфт:

“Иёлоти Муттаҳида ва Афғонистон шарикони наздик ва ҳампаймонанд ва мо эътимоди бузург дорем, ки Луя Ҷирга мушоракати қавиро таъйид хоҳад кард.”

Толибон аз ин ҳамоиши 2000 сиёсатмадор, сарони қабоил, мақомоти маҳаллӣ, аъзои порлумон ва ҷомеаи маданӣ шадидан интиқод кардаанд ва мегӯянд, онҳоеро, ки раъй медиҳанд, “хоини миллат” эълом хоҳанд дошт. Анҷуман қарор аст, чаҳор рӯз идома кунад.
XS
SM
MD
LG