Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев: "Боздошти муҳоҷиронро як тасодуф шуморед"


Дмитрий Медведев дар нишасти хабарӣ дар Ҳонолулу 14-уми ноябри соли 2011.

Дмитрий Медведев дар нишасти хабарӣ дар Ҳонолулу 14-уми ноябри соли 2011.

Раисиҷумҳури Русия бори дигар аз раҳбарияти Тоҷикистон даъват кард, парвандаи Садовничий бознигарӣ шавад.

Дар нишасти хабарӣ дар Ҳонолулу дар поёни ҳамоиши сарони созмони Ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором (APEC) Дмитрий Медведев аз раҳбарияти Тоҷикистон даъват кард, парвандаи халабони рус Владимир Садовничий, ки бо чанд иттиҳом ба 8,5 соли зиндон маҳкум шудааст, бознигарӣ шавад.

Раисиҷумҳури Русия гуфт, агар паём шунида нашавад, рӯйдоди Қӯрғонтеппа наметавонад, ба муносибатҳои байни ду кишвар таъсир нагузорад.

Вай боздошт ва ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Русия иқдоми дуруст номид, вале гуфт, бигзор рабти ин иқдом бо маҳкумияти Садовничий "як тасодуф" шумурда шавад.



Медведев гуфт: «Агар одамоне ёфт шудаанд, ки дар қаламрави Русия бе иҷоза зиндагӣ мекунанд, пас бояд онҳо ронда шаванд ё вазъи ҳуқуқии онҳо дар дохили кишвар ба қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ муносиб гардонда шавад. Ман фикр мекунам, ин корро на давраӣ, бояд ҳамеша бояд кард. Рӯи ҳам омадани он бо рӯйдодҳои маълумро як тасодуф ҳисоб кунед.»

Бар пояи изҳороти Хадамоти муҳоҷирати Русия то ҳоло 300 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт ва теъдоде аз онҳо ихроҷ шудаанд. Вале бино бар омори ғайрирасмӣ шумораи боздоштшудаҳо метавонад ба маротиб бештар бошад.

Раҳбари бунёди "Тоҷикистон" дар Маскав, Гавҳар Ҷӯраева дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии ИДМ "Мир" гуфт, "амалиёти Хадамоти федероли муҳоҷират ба воҳима сабаб шуда, эҳсосоти бепаноҳии комили онҳоеро низ ба вуҷуд овард, ки дар қаламрави Русия ба таври қонунӣ кору зиндагӣ мекунанд."

Созмонҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия талош доранд, зимни ин ҳаводис бо ҳам муттаҳид шаванд ва як маркази ягонаи иттилоотию мусоидат ба беҳбуди вазъро ташкил диҳанд. Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия кумиссюни махсус таъсис ёфтааст, ки қарор аст, равандро шабонарӯзӣ дунбол кунад. Шумораи телефонҳои тамос дар торнамои сафорат нашр шудаанд.

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ТОҶИКИСТОН

Дар ҳоле ки созмонҳои миллатгарои Русия рӯзи 14-уми ноябр дар назди сафорати Тоҷикистон дар Русия тазоҳурот карданд ва хостори "ҷорӣ кардани тартиб дар Тоҷикистон" шуданд, Вазорати умури хориҷии Русия сафири Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиевро дар робита ба парвандаи халабон Владимир Садовничий ба "сӯҳбат" даъват кард.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорат муовини вазири умури хориҷии Русия, Георгий Карасин бо сафири Тоҷикистон мулоқот карда ва нигаронии «амиқ»-и тарафи русиро аз сарнавишти ояндаи шаҳрванди Русия Садовничий ва «ҳамқавм»-и русҳо, шаҳрванди Эстония Алексей Руденко баён доштааст. Карасин изҳори умедворӣ кард, ки додгоҳи Тоҷикистон ҳукме содир хоҳад кард, ки ҳамаи тарафҳоро қонеъ мекунад ва халабонҳо озод мешаванд.

Сафири Тоҷикистон гуфт, нигаронии Маскавро ба ҳукумати кишвари худ хоҳад расонд ва ӯ низ бовар дорад, ки ҳалли қобили қабули тарафайн дар ин масъала ба даст хоҳад омад. Гуфта нашудааст, ки дар ин мулоқот вазъи муҳоҷирон низ баррасӣ шуд ё на.

ТАЪСИСИ ГУРӮҲИ "ДИПЛОМАТИЯИ МАРДУМӢ"

Фишор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ангезаи таъсиси «Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон» шуд. Бо афзоиши боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва бадрафторӣ бо онҳо дар робита ба қазияи халабонҳои ширкати русӣ теъдоде аз рӯзноманигорон ва рӯшанфикронро дар Душанбе водор кардааст, ин гурӯҳро таъсис доҳанд, то дар ҳалли мушкил аз усули «дипломатияи мардумӣ» кор бигиранд.

Дар изҳороти ин ҷамъият, ки шоми 14-уми ноябр мунташир шуд, муассисони он гуфтаанд: «муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар қазияи рухдода набояд чун аҳроми фишор истифода шаванд ва мавриди зарбаи ҳамаҷониба қарор бигиранд. Аз ин хотир, Гурӯҳ аз журналистон ва ҷомеаи шаҳрвандии Русия даъват ба амал меорад, ки ба пешгирии ин раванди номатлуб мусоидат намоянд. Гурӯҳи мусоидат ба ин ҳақиқат таъкид менамояд, ки таърихи тӯлонии равобити ҳамаҷонибаи мардуми тоҷику рус натиҷаҳои беҳтару барои ҷонибҳо манфиатовар дар ростои таҳкими ин дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро дорад.»

Муассисони «Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон», ки ба он ҳунарманд ва коргардони шинохтаи тоҷик Барзу Абдураззоқов сарварӣ мекунад, ҳамчунин мегӯянд, барои ҳалли мушкил ҳанӯз на аз ҳама имкониятҳои мавҷуда истифода шудааст ва корбурди ин захираҳо ба ҳамкории ҳамаи тарафҳо марбут мешавад. Ҷамъияти нав аз ҷомеаи шаҳрвандӣ, шахсиятҳо ва ҳамаи онҳое, ки ба ин мавзӯъ бетараф нестанд даъват кардааст, ки ба ин гурӯҳ ҳамроҳ шаванд ва иродаи мардумиро ба миён гузоранд.

Дар бораи маъракаи зидди муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар пайванд ба маҳкумияти халабонҳои ширкати «Ролкан Инвестмент» намояндагони ҷомеаи маданӣ ва созмонҳои ғайридавлатии мустақар дар Русия низ иҳзори назар кардаанд.

ВОКУНИШҲО ДАР ХУДИ РУСИЯ

Бархе аз коршиносон вазъиятеро, ки дар байни Русия ва Тоҷикистон ба миён омадааст, нокомии сиёсати хориҷии Русия дар 20 соли охир нисбати ҷамоҳири Шӯравии пешин номиданд.

Вале дар ҳоле ки сиёсатмадорони миллатгаро аз ин вазъ "сармояи сиёсӣ" ҷамъоварӣ мекунанд, Александр Верховски, мудири созмони ҳомии ҳуқуқи “Сова” ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пайомадҳои манфии чунин вазъ аз ҳама гуна натиҷаҳои дигари он бадтар хоҳанд буд.

Вай гуфт, ки муҳоҷирон дар ин қазия қурбони ихтилофот шудаанд. Вай изҳори нигаронӣ кард, ки ин маърака рӯҳияи миллатгароёнаро дар Русия ангезиш хоҳад дод.

Муовини раиси дафтари Дидбони ҳуқуқи башари Русия, дар МаскавТатьяна Локшина боздошти муҳоҷирони тоҷикро "як маъракаи ҳадафмандона алайҳи тоҷикони муқими Русия" номид ва гуфт, ин роҳи ғайриқонунист ва набояд шаҳрвандони Тоҷикистон ранҷи парвандаи ҷиноии кадом як шаҳрванди Русия дар Тоҷикистонро бикашанд.

Каримҷон Ёров, раиси созмони ғайридавлатии Этмос дар Маскав, ки рӯзи якшанбе аз боздоштгоҳи муҳоҷирон дар шаҳраки Севернаяи Маскав дидан мекард, гуфт, боздоштшудагон ба андозае зиёданд, ки дар боздоштгоҳҳо барояшон ҷой намерасад. Вай таъкид кард, ки амалиёт танҳо зидди тоҷикон равона шуда, полис муҳоҷиреро, ки шаҳрванди Тоҷикистон, аммо намояндаи миллати қирғиз буд, озод кард, аммо тоҷиконеро, ки ҳатто дорои ҳама гуна асноди қонунӣ буданд, ба ҳабс гирифт.




Дар ҳамин мусоҳибааш ҷаноби Ёров афзуд, Дар Чеченистон ва Челябинск низ зидди муҳоҷирони тоҷик иқдомоте сурат гирифтааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG