Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси гурӯҳе барои кӯмак ба муҳоҷирони тоҷик


Дар Душанбе гурўҳе рўзноманигорон ва рӯшанфикрон шаби 14 ноябр «Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон»-ро ташкил доданд ва мегӯянд дар пеши худ ҳадаф гузоштаанд, ки вазъи баамаломадаро, ки дар натиҷаи боздошт ва ҳукми додгох нисбати ду халабони ширкати «Rolkan Investmens Ltd» сурат гирифтааст, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор диҳад. Дар баёнияи расмии гурӯҳ омадааст, ин қазия пеш ва беш аз ҳама ба вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия таъсири манфӣ мегузорад ва аз ин рӯ гурӯҳи мазкур мехоҳад, барои раҳоӣ аз ин вазъ ва ҳалли мусбати масъала тамоми имконоти мавҷударо дар доираи дипломатияи мардумӣ ба кор баранд. «Гурӯҳи мусоидат» мегӯяд, Русия набояд ва муҳоҷирони кории тоҷикро чун аҳроми фишор истифода барад ва аз журналистон ва ҷомеаи шаҳрвандии Русия даъват кардааст, барои пешгирии ин раванди номатлуб мусоидат намоянд. Раҳбарии ин гурӯҳро Барзу Абдураззоқов, ҳунарманд ва коргардони шинохтаи тоҷик бар дӯш дорад.
XS
SM
MD
LG