Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус ба бамгузорон муҷозоти эъдомро тақозо кард


Имрӯз додситонии Беларус дархост кард, ки ба ду нафар созмондиҳандагони бамгузории марговар дар истгоҳи метрои Минск муҷозоти эъдом диҳанд. Дзмитрий Канавалау ва Уладислау Канавалиёв ҳоло дар додгоҳ барои барномарезии инфиҷоре, ки 11 апрели соли ҷорӣ 12 нафарро кушт ва 200 нафари дигарро маҷрӯҳ кард, гунаҳгор дониста мешаванд. Мақомоти адлия ҳамчунин ин ду нафарро бо ду инфиҷори дигар иртибот медиҳанд, яке аз онҳо соли 2008 дар Рӯзи Истиқлол ва дигарӣ соли 2005 дар шаҳраки Витебск анҷом гирифта буд.
XS
SM
MD
LG