Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дарҳояшро ба рӯи тоҷикон мебандад?


Муҳоҷирони тоҷик дар Русия, зоҳиран ба як аҳруми фишори Маскав дар таниши ахири байни ду кишвар табдил меёбанд.

Бино ба маълумоти расмӣ, аз рӯзи 11 ноябр ба ин сӯ фақат дар Маскав беш аз 200 муҳоҷири тоҷикро боздошт кардаанд.

Аммо раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев боздошт ва ихроҷи атбоъи Тоҷикистонро “иттифоқ”-е номид, ки рабте ба қазияи халабонҳои рус надорад. Иддаое ки созмонҳои тоҷикони Русия раддаш мекунанд.

АЗ ЗАБОНИ ЯК МУҲОҶИРИ КОРӢ...

Валиҷон Орзуев, ки бо тақрибан 15 хонаводаи дигар аз Тоҷикистон дар вилояти Твери Русия машғули чорводорист, мегӯяд, ахбори афзояндаи “қапоқап”-и шаҳрвандони тоҷик онҳоро сахт нигарон кардааст: “Ба Худо, ҳамин субҳ вақте дар ин бора гап заданд, ҳатто фишорам баланд шуд. Ҳама гову молу ҳама зиндагии мо ҳаминҷост, мо дар Тоҷикистон хонаву дар надорем. Мо инҷо ягон 15 хоҷагием. Бачаҳо мегӯянд, чӣ кор кунем, ҳамаро пуштиҳам бурда истодаанд? Тарс ҳаст, ба Худо, на шиштан мефораду на хестан. 300-400-ҳазорӣ додем, ин хонаҳоро харидем, ба 25-30-ҳазорӣ гову мол харидем, ин қадар гӯсолаву гӯсфанду картошкаи дунё гирифтем, аммо ҳоло намедонем, ки кадом сӯ равему чӣ кунем?”

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:11 0:00
Линки мустақим


Сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав Мурод Бӯрибоев ба Радиои Озодӣ гуфт, сафорат дар пайи афзоиши мавориди боздошту ихроҷ, ё ба таъбири оқои Бӯрибоев, “гирифториҳо”-и атбоъи тоҷик ба хотири ҳамоҳанг сохтани фаъолияти ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ва созмонҳои муҳоҷирон як ситоди шабонарӯзӣ таъсис дод: “Фақат аз 11 то 13 ноябр ва фақат дар боздоштгоҳи рақами яки пулиси Маскав 205 нафар аз Тоҷикистон боздошт шудаанд. Дар бораи рӯзи 14 ноябр ҳанӯз маълумот нест. Аммо то 11 ноябр шумораи тоҷикон дар ин боздоштгоҳ 79 нафар буд.”

ИҚДОМИ ТАРҲРЕЗИШУДА Ё ТАСОДУФ?

Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Осиёву Уқёнусия дар Ҳонолулу гуфт, дар Русия кадом “маърака”-е алайҳи муҳоҷирони тоҷик роҳандозӣ нашуда ва ихроҷи ахири шаҳрвандони тоҷик аз ин кишвар иттифоқест, ки бо қазияи халабонҳои зиндонӣ рабти мустақим надорад. Аммо Медведев ба дунбол бо изҳори шубҳа ба дурустии 8,5 сол ҳукми зиндони Владимир Садовничий ва Алексей Руденко аз сӯи додгоҳи Қӯрғонтеппа гуфт, ин қазия ба равобити ду кишвар ҳатман асар мекунад ва ӯ умедвор аст, ки ин паёми ӯро дар Душанбе хоҳанд шунид.

"ҲАЛВОРО ХӮРАД ҲАКИМУ КАЛТАКРО ЯТИМ"

Абдуллоҳ Давлатов
Абдуллоҳ Давлатов
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия аммо аз оғози як маъракаи “шикор”-и мунтахаби муҳоҷирони тоҷик дар пайи судури ҳукми ин ду халабон ва яқинан дар посух ба ин қазия изҳори нигаронӣ мекунанд. Абдуллоҳ Давлатов, раиси Иттиҳодияи тоҷикони Русия мегӯяд: “Дар ҳақиқат чунин аст. Чинда-чинда тоҷиконро мебаранд. Аз ҳамон рӯзи аввал, ки сар шуд, аз бозорҳои Тёплий Стан, Юго-Западний, ВДНХ, аз фурӯшгоҳи “Мега” ва аз сохтмонҳо маҳз тоҷикҳоро гулчин карда гирифтанд. Яъне ҳалворо хӯрад ҳакиму калтакро - ятим. Муҳоҷирони тоҷик бозичаи дасти сиёсатмадорони Русия шудаанд. Далели асосии тобиши сиёсӣ гирифтани қазия дар Русия интихоботи парлумонист. Дар асл парвои халабонҳо надоранд, балки ин ҳама бозиҳои пешазинтихоботист.”

Ҳамасола то 1 миллион нафар аз шаҳрвандони тоҷик худро ба бозори кори Русия мезанад. Маблағе, ки солона ин мардум ба ватан мефиристанд, беш аз 2 миллиард доллар ё муодили то 40 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баровард мешавад. Соҳибназарони тоҷик аз қабл мегуфтанд, ки ин артиши азими муҳоҷирон ягон рӯз ҳатман ба як қартаи бозӣ дар равобити Маскаву Душанбе табдил хоҳад ёфт. Ва зоҳиран чунин фурсат барои Маскав фаро расид.

Маъракаи ахири боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик рӯзи панҷшанбе, дар пайи мулоқоти раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев бо раҳбари Хадамоти муҳоҷират Константин Ромодановский оғоз ёфт.

Ромодановский алорағми сӯҳбатҳои қаблиаш, ки муҳоҷирони тоҷикро як тоифаи аксаран аз аъмоли ҷиноӣ парҳезкор таъриф мекард, баъди ин мулоқот гуфт, беш аз ҳар гурӯҳи дигари муҳоҷирон дар Русия маҳз мардикорони тоҷик даст ба ҷиноят мезананд.

ОНИШЕНКО БОЗ БА СУХАН ДАРОМАД...

Аммо чунин ба назар мерасад, ки Маскав танҳо бо боздошту ихроҷи мардикорони тоҷик иктифо накарда, акнун боз як “тӯпхонаи сақил”-аш – Роспотребнадзорро ба бозӣ медарорад. Раиси ин идора ва сардухтури беҳдоштии Русия Геннадий Онишенко дар сӯҳбат бо Интерфакс бо пешниҳоди бастани дари Русия ба рӯи мардикорони тоҷик гуфтааст, шумори зиёди ин мардум гирифтори амрози сироятие, чун сил ва ҳатто ВИЧ буда, як роҳи илоҷ манъи комили истифодаи нирӯи кори онҳо “то замони эҷоди шароити ҳадди аққали беҳдоштӣ” дар он кишвар аст.

“Ибтикор”-ҳои қаблии Онишенко, чун манъи воридоти зираи тоҷикиву шароби сохти Молдоваву оби “Боржомӣ” аз Гурҷистон “иттифоқан” алайҳи он кишварҳои пасошӯравие буд, ки дар он шабу рӯз бо Маскав таниш доштанд. Пешниҳоди ахири ӯ ҳокист, ки Маскав Душанберо аз ҷои ҷонаш, яъне дар масъалаи муҳоҷирон, боз ҳам муҳкамтар аз гулӯ хоҳад гирифт. Ва акнун навбати Душанбест, ки оё чӣ қартаи ҷавобиеро дар идомаи ин бозӣ аз бағал берун хоҳад кашид?
XS
SM
MD
LG