Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар зидди ширкати "Ролкан" парвандаи ҷиноӣ боз шуд


Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бар зидди раҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Ролкан Инвестмент ЛТД» парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Сергей Полуянов, сарвари ширкати мазкур низ ҳамроҳ бо ду халабони маҳкумшудаи ҳавопаймоҳои «Ролкан Инвестмент ЛТД» бо се моддаи қонуни ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам дониста мешавад. Ғулом Бобоев-вакили мудофеи халабонҳо мегӯяд, Сергей Полуянов ҳарчанд ҳамроҳи халабонҳо дар ҳавопаймо набуд ва дар Афғонистон ҳам фаъолият надоштааст, вале дар ҳамдастӣ бо Владимир Садовничий ва Алексей Руденко гунаҳгор дониста мешавад. Файзулло Холов-намояндаи додситонии вилояти Хатлон гуфт, рсасидагӣ ба парвандаи ҷиноии Сергей Полуянов-мудири кулли ширкати хориҷии "Ролкан Инвестмент ЛТД" аз ҷониби бозрасони Кумитаи амнияти миллӣ идома дорад ва Полуянов дар пайгарди байналмилалии қонунӣ қарор гирифтааст:

“Нисбат ба раҳбари ширкати «Ролкан» низ парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, Полуяновро дар кофтукови байналмилалӣ эълон кардем ва аз мақомоти Федератсияи Русия дархост кардем, ки дар сурати пайдо шудани ин нафар, ӯро мавриди боздошт қарор диҳанд”.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон тахмин мезананд, ки Сергей Полуянов ҳоло дар Маскав ба сар мебарад ва ширкати "Ролкан Инвестмент ЛТД"-ро аз он ҷо раҳбарӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG