Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Зуҳуров аз вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия


Шукурҷон Зуҳуров

Шукурҷон Зуҳуров

Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси Намояндагони порламони Тоҷикистон дастур додааст, ки барои омӯзиши вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аз ҳисоби намояндагони порламон гурӯҳи порламонӣ ташкил шавад. Вай аз вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ кард ва дар ҷаласаи порламон гуфт, ки дар давоми чанд ҳафтаи ахир расонаҳои хабарии Русия дар бораи ҳукми додгоҳи Тоҷикистон бар зидди халабонони рус матолиби бардурӯғ ба чоп мерасонанд. Зуҳуров гуфт, “мурофиаи додгоҳии ин халабонон бо риояти дақиқи қонунҳои Тоҷикистон анҷом гирифтааст”. Вай изҳори умедворӣ кардааст, ки масъалаи пешомада аз роҳҳои дипломатӣ ҳал хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG