Пайвандҳои дастрасӣ

Ду бозии сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи 13-уми ноябр баргузор шуд.

Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар бозии даври 40-уми мусобиқоти қаҳрамонии кишвар дар майдони худ – варзишгоҳи “Пахтакор” бар тими “Шодмон”-и Ҳисор бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад.

Дар ин бозӣ, ки пуршиддат ҷараён дошт, бозигари меҳмонон Алишер Шарифов дар дақиқаи 11-ум аз ҷаримаи 11-метра ҳисобро боз кард. Баъди 6 дақиқа Комрони Мирзохон, бозигари мизбонон, ҳисобро баробар намуд.

Се голи дигар дар нимаи дуввуми бозӣ зада шуд. Меҳроб Заҳурбеков дар дақиқаи 46-ум голи дуввуми дастаи “Вахш”-ро ба самар расонд. Голи ҷавобиро Ҷунайд Мӯҳтоҷев, бозигари “Шодмон”, дар дақиқаи 63-юм вориди дарвозаи мизбонон кард. Голи ҳалкунандаро боз ҳам Меҳроб Заҳурбеков дар дақиқаи 88-ум ба ҳадаф расонд.


НАЗАРИ САРМУРАББИИ "ВАХШ"-РО ДАР ИН ҶО БИШНАВЕД:




Дар бозии мавқуфмондаи даври 39-ум дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе бар тими “Гвардия”-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 5:0 ғалаба кард. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Политехникум”-и пойтахти кишвар доир шуд.
Обидҷон Исмоилов ду гол, Илҳомҷон Ортиқов, Аъзам Ҳусейнов ва Денис Сенчук якголӣ заданд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот “Равшан”-и Кӯлоб бо 80 имтиёз аз 35 бозӣ дар ҷои аввал аст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 73 имтиёз аз 31 бозӣ дар ҷои дуввум мебошад. “Истиқлол”, ки ҳамагӣ 25 бозӣ кардааст, бо 67 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот дар ҷои севум қарор дорад.
Мубориза барои унвони қаҳрамонӣ ва медалҳои мусобиқот миёни се дастаи пешсаф идома хоҳад кард.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Фозил Сатторов (“Равшан”) бо 20 гол дар ҷои аввал аст. Комил Саидов (ССКА “Помир”) ва Габриэл Донто (“Энергетик”) 19-голӣ, Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) 17 гол, Пирмурод Бурҳонов (“Хайр”) ва Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) 16-голӣ задаанд.

Дар даври 41-уми мусобиқот рӯзи 17-уми ноябр як бозӣ миёни дастаҳои ССКА “Помир” (Душанбе) - “Равшан” (Кӯлоб) дар варзишгоҳи “Политехникум”-и пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Рӯзи 18-уми ноябр дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе бозии дастаҳои “Истиқлол” (Душанбе) - “Хуҷанд” (Хуҷанд) барпо мегардад.

Ду бозии дигари даври навбатӣ рӯзи 19-уми ноябр миёни дастаҳои “Шодмон” (Ҳисор) - “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) ва“Энергетик” (Душанбе) - “Гвардия” (Душанбе) доир хоҳад шуд. Бозиҳо соати 14 оғоз меёбанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т/Т И
1. "Равшан" 35 26 2 7 71-31 80
2. "Регар-ТадАЗ" 31 23 4 4 81-24 73
3. “Истиқлол” 25 22 1 2 67-13 67
4. "Хайр" 31 17 3 11 61-32 54
5. “Энергетик” 32 17 3 12 62-48 54
6. ССКА “Помир” 33 15 2 16 59-56 47
7. "Вахш" 33 13 3 17 36-41 42
8. "Хуҷанд" 34 12 5 17 45-62 41
9. “Парвоз” 34 9 4 21 38-64 31
10. “Шодмон” 36 7 2 27 39-98 23
11. вардия" 34 2 3 29 29-118 9

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG