Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаои Толибон дар бораи нақшаи амниятии Луя Ҷирга


Толибони Афғонистон он чӣ худашон мегӯянд, нақшаи амниятии мулоқоти қарибулвуқуи миллиро дар сомонаи интернетии худ ба нашр расондаанд. Вале ҳукумати Афғонистон ин иддаои Толибонро бепоя хондааст. Толибон дар сомонаи интернетии худ рӯзи якшанбе нақшаи амниятии минтақаи баргузории мулоқот ва феҳристи тадобири амниятиро нашр кардаанд. Аммо вазорати корҳои дохилии Афғонистон ин аснодро дурӯғ медонад ва гуфтааст, бо нашри ин нақшаҳои бепоя ҳадафи Толибон ба ваҳшат андохтани ширкаткунандагони Луя Ҷиргаи Афғонистон аст. Қарор аст ин Ҷирга 16-ноябр дар Кобул баргузор шавад ва дар он ҳудуди 2 000 сарони қабоилу шахсиятҳои сиёсии афғон гирдиҳам оянд. Дар он дурнамои муносиботи Афғонистону Амрико ва масъалаи мусолиҳаи миллӣ баррасӣ мешавад. Толибон аз ҳоло таҳдид кардаанд, ки ба ин мулоқот ҳамла мебаранд.
XS
SM
MD
LG