Пайвандҳои дастрасӣ

Султон Қувват дар синни 61 солагӣ аз беморӣ даргузашт


Султон Кувват-раиси ҳизби сабтиномнашудаи “Тараққиёт”-и Тоҷикистон дар синни 61 солагӣ баъд аз беморӣ даргузашт. Вай солҳои ахир аз бемориҳои қанд ва қалб ранҷ мебурд. Дар нахустин солҳои ҳукумати кунунӣ Султон Қувват раиси Кумитаи молиёти Тоҷикистон ва намояндаи мардумӣ дар порламон буд. Баъд аз барканорӣ аз мақом вай ҳизби “Тараққиёт”-ро таъсиси дод, вале ҳизбашро сабти ном накарданд. Дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 1999 худро номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ кард. Вай дар он рӯзҳо дар бораи яке аз роҳҳои раҳоӣ аз бӯҳрон ба радиои Озодӣ чунин гуфта буд:

“Барномаи мо ин аст. Як нақли деҳқонии оддиякак аст, ки ман худам дуздӣ намекунам, дигаронро ҳам дуздӣ карданӣ намемонам”.


Вале дар ин интихобот номзадии вайро сабти ном накарданд ва ба интихобот роҳ наёфт. Ҳизби “Тараққиёт” низ то охир сабти ном нашуд.
XS
SM
MD
LG