Пайвандҳои дастрасӣ

Марзбандӣ миёни Тоҷикистону Чин аз ҳама бештар ба сокинони маҳалли Рангкули ноҳияи Мурғоб зиён расонидааст.

Сокинони Рангкул тайи як нома ба маҷлиси вакилони ноҳия изҳор доштанд, ки ба дунболи маросими расмии супурдани хати марз ба Чин, ки чанде қабл сурат гирифт, онҳо бе чарогоҳ монданд ва ба чарогоҳҳои нав эҳтиёҷ доранд.

Ба гуфтаи сокинон, марзбонони ҳар ду тараф аз онҳо талаб карданд, ҳудудеро, ки акнун ба Чин тааллуқ гирифтааст, холӣ кунанд. Дар натиҷа чорвопарварон аз 38 чарогоҳ, ки дар 36 тоашон бошишгоҳҳои чӯпонӣ мавҷуданд, хориҷ шуданд. Маҳрумият аз замини чарогоҳҳое, ки мардум аз онҳо чор фасли сол истифода мекард, нигоҳубини бештар аз як ҳазор сар моли майда ва қариб 700 сар шохдори калонро ба мушкилот дучор кардааст. Сокинон талаб карданд, барои ҷилавгирӣ аз хатари талаф ёфтани ҳайвонот, ки ба сабаби танг шудани масоҳати чарогоҳҳо ва камбуди хӯроки чорво ба миён омадааст, барояшон ҳар чӣ тезтар аз ҳисоби хоҷагиҳои дигари чорвопарварии ноҳия замин ҷудо карда шавад.

Мақомоти ноҳия ба чорвопарварон чарогоҳҳои навро дар маҳалли Аличур ва Чештебе пешниҳод кардаанд. Аммо бештари чорвопарварон бинобар дур будан аз макони зист ба он ҷо рафтан намехоҳанд. Муовини аввали раиси ноҳия Эрназар Сатторов мушкилоти ба миёномадаи чорвопарваронро ҳалшаванда арзёбӣ намуда гуфт, ки маҷлиси вакилон тасмим гирифт, ба чорвопарварони Рангкул аз ҳисоби заминҳои захираи давлатӣ, ки айни ҳол чорвопарварони хоҷагиҳои Оқсу ва ба номи Шоимқулов истифода мебаранд, чарогоҳ ҷудо кунад. Вай афзуд, ки қарор барои тасвиб ба маҷлиси вилоятӣ ироа гардида, дар иҷлосияи навбатӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол танг шудани ҳудуди чарогоҳҳо ва эҳсоси камбуди захираи хӯроки чорво барои зимистон, ки ҳамчунин паёмади хушксолӣ арзёбӣ мешавад, боиси ҳар чӣ бештар сарозер шудани гӯшт ба бозорҳои вилоят шудааст. Сокинон маҷбур шуданд, ки ҳар чӣ бештар чорво забҳ намуда, ба фурӯш бароранд ва айни ҳол нархи гӯшт дар бозор 20 сомонӣ ва дар баъзе ҳолатҳо то18 сомонӣ поин рафтааст. Аммо мутахассисон мегӯянд, ки пас аз ин фаровонӣ ва арзонии муваққатӣ, дар зимистон ва баҳори оянда гушт камёфт ва нархи он ба маротиб гарон мешавад.

Сокинони Рангул ҳамчунин аз мақомот тақозо кардаанд, барои ба ҷойи дигар кӯчондани бошишгоҳҳои чӯпонӣ , ки ҳанӯз дар даврони собиқ шӯравӣ бунёд гардида, дар онҳо 212 нафар зиндагӣ мекунанд, онҳоро бо масолеҳи сохтмонӣ, нақлиёт ва сӯзишвори таъмин намуда, музди меҳнати сохтмончиёни бошишгоҳҳои нав ба қадри имкон пардохт шавад.

Ба гуфтаи геологҳо, заминеро, ки дар натиҷаи марзбандӣ кишвари Чин соҳиб шудааст, дар баробари чарогоҳ, аз сангҳо қиматбаҳо чун ёқут ва рустаниҳои нодири шифоӣ ғанӣ буда, як қисми кони тиллои Рангкулро ҳам дар бар мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG