Пайвандҳои дастрасӣ

Фавти Султон Қувват, раиси ҳизби ғайрирасмии "Тараққиёт"


Султон Қувват. Моҳи августи соли 2011

Султон Қувват. Моҳи августи соли 2011

Раиси пешини Кумитаи андоз ва раҳбари ҳизби сабти номнашудаи "Тараққиёт"-и Тоҷикистон даргузашт.

Ҷанозаи ӯ зуҳри имрӯз (14 ноябр) дар оромгоҳи "Сари Осиё"-и шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд.

Султон Қувват, раҳбари ҳизби номнависнашудаи "Тараққиёт" дар чанд соли ахир аз бемории қалб ва диабети қанд ранҷ мебурд. Вай пас аз талошҳои тӯлонӣ ва нокомаш барои сабти номи ҳизби "Тараққиёт" дар Вазорати адлияи Тоҷикистон тақрибан аз саҳнаи сиёсӣ канор рафт ва ба тиҷорату савдо машғул буд.

Султон Қувват моҳи марти соли 1950 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Ӯ солҳои зиёд дар Шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти иқтисодӣ кор карда, аз соли 1992 то 1995 раҳбарии ин идораро бар ӯҳда дошт.

Дар навори зер: Лаҳзае аз гуфтугӯи охирини Султон Қувват бо "Озодӣ"


Аз моҳи майи соли 1995 ба курсии раҳбарии Кумитаи андози Тоҷикистон нишаст ва тӯли се сол ин кумитаро идора кард. Аммо "бино бар ҷо доштани камбудҳо ҳангоми иҷрои вазифа" бо амри раисиҷумҳур аз мақомаш барканор шуд. Оқои Қувват ҳамзамон аз соли 1995 вакили мардумӣ дар Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд.

Султон Қувват моҳи октябри соли 1999 бо пуштибонии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини пешини тоҷик талош кард, то дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва бо Эмомалӣ Раҳмон рақобат бикунад. Вале номзадии ӯ пазируфта нашуд.

Ҳизби "Тараққиёт"-и Султон Қувват бо вуҷуди он ки дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабтином нагардида буд, вале дар солҳои 2004-у 2005 дар матбуоти кишвар фаъолона баромад мекард ва мавқеи худро баён медошт. Ҳатто ин ҳизб хост, ки дар интихоботи порлумонии соли 2005 низ дар якҷоягӣ бо Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон иштирок бикунад.

БЕШТАР БИХОНЕД:

СУЛТОН ҚУВВАТ: "МАРО КАСЕ ТАҲДИД НАКАРДААСТ"


Аммо мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки алайҳи Султон Қувват парванда боз шудааст ва ӯ ҳаққи иштирок дар интихоботро надорад. Дар ҳамин ҳол, Рустам Файзиев, муовини Султон Қувват низ барои таҳқиру тавҳини раисиҷумҳур боздошт ва барои панҷ солу даҳ моҳ зиндонӣ шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG