Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва Русия дар пайи посухи муштарак ба Эрон


Амрико ва Русия талош доранд то посухи муштаракро дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон ироа кунанд.

Ин мавзӯъро Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико баъд аз гуфтугӯ бо ҳамтои русии худ Дмитрий Медведев гуфт.

Обама ва Медведев дар ҳошияи иҷлоси Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Осиё-Пасифик (Asia-Pacific Economic Cooperation) дар Ҳаваи бо ҳам сӯҳбат карданд. Ҳадафи ин иҷлос, афзоиши мизони таҷрибаҳо миёни кишварҳои узви ин созмон хонда шудааст.

Обама афзуд: «Мо дар мавриди Эрон баҳс кардем ва талош дорем то ҷавоби муштарак дар мавриди барномаи ҳастаии ин кишвар ироя кунем то Эрон ба анҷоми вазифаҳои байналмилалии худ водор сохта шавад.»

Ба гузориши хабаргузории DPI-и Олмон, Обама гуфтааст, ки ӯ бо раиси ҷумҳури Русия дар мавориди мухталиф, аз ҷумла масъалаи Сурия ва Афғонистон ҳам баҳс карданд.

Медведев ҳам таъйид кардааст, ки ду тараф дар атрофи масоили вобаста ба Афғонистон, Сурия, Эрон ва системаи мудофеи мушакӣ дар Аврупо баҳс карданд. Ӯ афзудааст, ки ҳарчанд медонем, ки мавқифи мо хеле ҳам фосила дорад, вале бо он ҳам дар амри талош ба манзури расидан ба роҳи ҳалли мумкин, тавофуқ кардем.

Обама гуфтааст, ки пайвастани эҳтимолии Русия ба Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ барои Амрико, ҷаҳон ва ҳамчунон барои Русия муассир хоҳад буд. Ба гузориши хабаргузории DPI- Олмон, Медведев аз ҳимояти идораи Обама дар мавриди пайвастин Русия дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ ташаккур кардааст.

Ду раҳбар дар ҳоле дар мавриди барномаи ҳастаии ҷанҷолии Эрон сӯҳбат мекунанд, ки намояндаи Эрон дар Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ рӯзи ҷумъа гузориши ахири ин оҷонсро дар мавриди Эрон рад кард.

Дар ин гузориш омадааст, ки Эрон рӯи ин тарҳ ба хотири сохтани силоҳи ҳастаӣ кор кардааст. Ҳамчунон дар ин гузориши Оҷонси байналмилалии энержии ҳастаӣ омадааст, ки Эрон аз соли 2008 ба ин сӯ аз ҷавоб додан ба пурсишҳо дар мавриди таҳқиқоти эҳтимолӣ дар бораи силоҳи ҳастаӣ, худдорӣ кардааст.

Кишварҳои ғарбӣ талош доранд то дар ҳангоми мулоқот ҳайатҳои Оҷонс бо судури қатънома, фаъолияти ҳастаии Эронро накӯҳиш кунанд.

Аммо дар ин ҳол Русия ва Чин дар ин маврид бо Эрон ҳамназар ҳастанд, ки ин гузориш ва ҳар навъ фишори дигар, фурсати ҳамдигарфаҳмӣ бо Теҳронро аз байн мебаранд.
XS
SM
MD
LG