Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ман барояшон модар мешавам." Вокуниш ба қиссаи кӯдакони матрук


Латифи 4-сола дар интизори модар ва падари худ аст. Хоҳарчаи навзоди ӯ Дилдора низ.
Латифи 4-сола дар интизори модар ва падари худ аст. Хоҳарчаи навзоди ӯ Дилдора низ.

Дар посух ба як матлаби Радиои Озодӣ дар бораи он ки як муҳоҷирзани тоҷик дар Русия аз фарзандони худ даст кашидааст, бону Файзинисо аз шаҳри Қайроққум ин номаро фиристодаанд.

"Аз Радиои Озодӣ хоҳиш мекунам, бо намояндаи хадамот ё ҷамъияти муҳоҷирони тоҷик дар тамос шуда, бирасонед ки ман тайёр ҳастам ин кӯдаконро ба тарбия қабул намоям. Бе ягон шарту ҳуҷҷатгузории тулонӣ. Тайёр ҳастам то пайдо шудани волидайни онҳо кӯдаконро тарбия ва таъмин намоям, агар волидайни онҳо расман аз кӯдакон даст кашанд, он вақт ба расмиётдарории онро худам ба уҳда мегирам. Танҳо барои савоб.

Кӯдакон ягон гуноҳ надоранд ва барои камбудию мушкилоти ба сари волидайнашон омада масъул ҳам нестанд. Онҳоро Худо барои зистан ва ҳаёти сазовор офаридааст, на барои мусофирию ҳиҷрат. Шояд онхо ояндаи ватан ҳастанд, вазирони оянда ин танҳо ба Худо маълум аст. Хоҳиш мекунам, дархости маро ба мақомоти марбута расонед. Қаблан сипосгузорам."

Аз Озодӣ. Шоми 7 ноябр дар Екатеринбург зане бо номи Лутфия Халилова - шаҳрванди Тоҷикистон ду кӯдаки хурдсоли худро дар мағозаи “Пикник” гузошта ва худ аз ин фурӯшгоҳ ғайб задааст. Яке аз кӯдакон чаҳорсола бо номи Латиф ва дигарӣ бо номи Дилдора кӯдаки навзоди 9-моҳа будааст. Модар ба дасти ин кӯдакон навиштаҷотеро додааст, то ҳангоми гирифтани кӯдакон пулис онро бихонад. Модар ба забони русӣ навиштааст ва мо баргардони онро ба тоҷикӣ меорем: “Милитсияи мӯҳтарам, ман модари ин кӯдаконам. Се фарзанд дорам. Натавонистам онҳоро зери ғамхории худ бигирам. То пайдо шудани падарашон кӯдакони маро нигаҳбонӣ кунед.”

Дар зери нома номи кӯдакон ва номи падари онҳо низ навишта шудааст. Пулиси шаҳри Екатеринбург гуфтааст, бо кӯмаки ҷамъияти тоҷикони шаҳр аввал хешовандон, сипас, худи ин занро пайдо кардаанд.

Матлабе, ки бону Файзинисоро ба вокуниш ангехтааст, ин ҷост:

"Лутфия дар Екатеринбург аз баҳри ду фарзандаш баромад"

Аз раҳбари ҷамъияти тоҷикони минтақаи Екатеринбург, ҷаноби Фаррух Мирзоев хоҳиш мекунем, назари худро ба номаи бону Файзинисо ва дархости ӯ дар бораи кӯдакон баён намоянд.
XS
SM
MD
LG