Пайвандҳои дастрасӣ

Бозгашти нахустин гурӯҳҳои ҳоҷиёни тоҷик аз Саудия


Бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз сафари ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ идома дорад. Зоирони Каъбаро дар фурудгоҳи Душанбе намояндагони Кумитаи дин ва хешу пайвандони ҳоҷиён пешвоз мегиранд. Гуфта мешавад, дар зиёрати Макка ва Мадина имсол як шаҳрванди Тоҷикистон фавтидааст. Ба сурати умум имсол панҷу ним ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба зиёрати хонаи Худо рафта буданд ва бархе аз онҳо дар ҷараёни омодагӣ ба сафар аз пардохтҳои иловагӣ ва норӯшан норозӣ буданд. Як мақоми маҳаллӣ бо иттиҳоми ришваситонӣ аз орзумандони сафари ҳаҷ боздошт шуд. Кумитаи дини Тоҷикистон ягона ниҳодест, ки сафари зоиронро омода, тарҳрезӣ ва баргузор мекунад. Ниҳодҳои ғайридавлатӣ аз ширкат дар ин раванд маҳруманд. Бозгашти зоирон то аввалҳои моҳи декабр идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG