Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Профессор Марио Монтӣ сарвазири Италия мешавад


Бино бар иттилои мақомоти Италия ҳукумати нави ин кишварро, пас аз истеъфои сарвазири Силвио Берлусконӣ, кумиссионери пешини Иттиҳоди Аврупо, Марио Монтӣ ташкил хоҳад дод. Раисиҷумҳури Италия Ҷорҷио Наполитано профессори 68-солаи иқтисодиётро пас аз гуфтушунид бо сарони ҳамаи ҳизбҳои сиёсии порлумонии кишвараш ба ин мақом даъват кард. Қарор аст, Монтӣ ҳайати ҳукумати навро дар чанд рӯзи оянда муайян намояд. Аммо барои оғози кори ин ҳукумат бояд порлумон раъйи мувофиқ диҳад.
XS
SM
MD
LG