Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Туркия аз ҳамла ба сафораташ дар Димишқ


Туркия аз ҳамлаҳо ба намояндагиҳои дипломатии худ дар Димишқ ва шаҳрҳои дигари Сурия эътироз кард. Мақомоти Туркия бо танбеҳи сафири Сурия дар Анкара аз сарварони сурӣ хостанд, ба саркӯби тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ хотима гузоранд. Тарафдорони раисиҷумҳури Сурия Башор Асад рӯзи шанбе бо нишони эътироз аз таълиқи узвияти Сурия дар Лигаи Араб ба сафорати Туркия дар Димишқ, консулгариҳои он дар Алепо ва Латакия ҳамла карданд. Чунин ҳамлаҳо ба сафоратҳои Саудӣ ва Қатар низ шудаанд. Туркия муҷозоти ҳамлаваронро талаб кардааст.
XS
SM
MD
LG