Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия барои баррасии авзоъ дар кишвар омода аст


Мақомоти Сурия барои баррасии авзоъ дар кишвар бо дигар давлатҳои узви Лигаи кишварҳои араб изҳори омодагӣ карданд. Дар як изҳороти расмӣ, ки ахиран аз тариқи телевизиони давлатӣ нашр шуд, ба кишварҳои узви Лига пешниҳод шудааст то нозирони худро ба Димишқ фиристанд.

Дирӯз Лигаи кишварҳои араб дар нишасти худ дар Қоҳира дар бораи мутаваққиф сохтани ширкати Сурия дар нишастҳои ин созмон то замони аз сӯи Димишқ иҷро шудани созишҳои пешин оид ба хатми саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ дар кишвар тасмим гирифт. Аз ин тасмим СММ, ИМА, Иттиҳодияи Аврупо ва Бритониё истиқбол карданд. Бан Ки Мун ин тасмимро “нерӯмандона ва мардона” номид.

Дар ҳамин ҳол имрӯз дар Димишқ ҳазорон ҷонибдорони раисиҷумҳур Башор Асад алайҳи қарори Лигаи кишварҳои араб раҳпаймоӣ карданд.

Бар асари саркӯбсозии намоишҳои эътирозии мухолифин дар Сурия беш аз дуву ним ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG