Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтугӯи Обама ва Медведев. Баҳси барномаи ҳастаии Эрон


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва ҳамтои амрикоияш Барак Обама

Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва ҳамтои амрикоияш Барак Обама

Раисиҷумҳури Амрико ва ҳамтои русаш роҷеъ ба барномаи ҳастаии Эрон гуфтугӯ анҷом додаанд.

Руасои ҷумҳуриҳои Амрико ва Русия -- Барак Обама ва Дмитрий Медведев дар долонҳои нишасти АТЭС – Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Осиёву уқёнуси Ором дар шаҳри Ҳонолулу, маркази аёлати Ҳавайя, музокирот анҷом доданд.

Баъд аз музокирот Обама ба хабарнигорон гуфт, "мо дар бораи Эрон сӯҳбат кардем ва таъйид кардем, ки мавқеи ягона, посухи ягона ба ин кишвар ба хотири водор сохтани Теҳрон барои иҷрои ӯҳдадориҳои байнулмилалияш дар масъалаи барномаи ҳастаиро таҳия кунем."

Барак Обама ва Дмитрий Медведев ҳамчунин дар мавриди идомаи машваратҳо роҷеъ ба барномаи зидди мушакӣ ба созиш расиданд.

Созмони АТЭС соли 1989 ба хотири мусоидат ба тиҷорати озод ва ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои ҳавзаи уқёнуси Ором таъсис шуда буд. Ба ин созмон 9 кишвар аз 21 давлати ҳавза шомиланд.

Яке аз бузургтарин кишварҳои минтақа - Чин ба АТЭС шомил нашудааст. Дар нишасти Ҳонолулу Обама ба Пекин ҳушдор дод, ки агар дар сиёсати арзиву тиҷоратӣ ба қойидаҳои умумӣ риоя накунад, Амрико аз чораҳои ҷавобӣ кор хоҳад гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG