Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Итолиё машваратҳо оид ба ҳукумати нав шурӯъ шуданд


Марио Монтӣ, номзади аслӣ ба мақоми нахуствазири Итолиё

Марио Монтӣ, номзади аслӣ ба мақоми нахуствазири Итолиё

Ҷорҷо Наполитано, раисиҷумҳури Итолиё, имрӯз ба хотири расидан ба созиш оид ба ҳайати ҳукумати давраи гузор баъди истеъфои нахуствазир Силвио Берлусконӣ, бо намояндагони нерӯҳои асосии сиёсии кишвар машваратҳо анҷом медиҳад.

Номзади аслӣ ба мақоми нахуствазири Итолиё Марио Монтӣ, узви собиқи Комиссиюни Аврупо маҳсуб мешавад. Вазифаи асосии ҳукумати нав – берун кардани Итолиё аз бӯҳрони молиявӣ ва ҷилавгирӣ аз вазъи ҳамсон дар Юнону Ирландия ва Португалия унвон шудааст.

Силвио Берлусконӣ рӯзи шанбе дар бораи истеъфои худ хабар дод. Итолиёвиҳо ин хабарро бо шавқу шӯри беандоза истиқбол карданд. Замони нахуствазирияш Берлусконӣ дар фасод ва дар моҷароҳои зиёди шаҳвонӣ айбдор мешуд.
XS
SM
MD
LG