Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти охирин фирорӣ аз маҳбаси КАМ


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар бораи боздошти Аъзам Зиёев, охирин маҳбуси фирорӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод.

Сухангӯи вазорат Муҳаммадулло Асадуллоев, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Аъзам Зиёев дар ноҳияи Панҷ аз дохили гӯристон боздошт шудааст. Ӯ се сол пеш бо иттиҳоми ташкили гурӯҳи ҷиноӣ, куштор, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа ва дигар ҷиноёти маҳкум ба зиндон шуда буд.

Ёдовар меавем, шаби 23-юми августи соли 2010 аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар маркази Душанбе 25 маҳбус фирор карданд. Бар асари амалиёти вижаи мақомоти қудратии Тоҷикистон 8 нафари онҳо ба ҳалокат расида, 17 тани дигар боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG