Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хостори таъсиси минтақаҳои тиҷорати озод шуд


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дар нишасти АТЭС – Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Осиёву уқёнуси Ором дар шаҳри Ҳонолулу, маркази аёлати Ҳавайя, ба зарурати таъсис минтақаҳои тиҷорати озод дар ҳавзаи уқёнуси Ором ишора кард. Ба гуфтаи ӯ, таъсиси минтақаҳои тиҷорати озод ба рушди иқтисодӣ дар бисёр кишварҳо мусоидат хоҳад кард.

Обама ҳавзаи уқёнуси Оромро "нерӯи аслии эҳёи иқтисоди ҷаҳон" номид ва изҳори итминон намуд, ки тарҳи таъсиси минтақаҳои тиҷорати озод аз сӯи ҳама кишварҳои узв соли оянда комилан ҳамоҳанг мешавад.

АТЭС соли 1989 ба хотири мусоидат ба тиҷорати озод ва ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои ҳавзаи уқёнуси Ором таъсис шуда буд. Ба ин созмон 9 кишвар аз 31 давлати ҳавза шомиланд. Яке аз бузургтарин кишварҳои минтақа - Чин ба АТЭС шомил нашудааст. Дар нишасти Ҳонолулу Обама ба Пекин ҳушдор дод, ки агар дар сиёсати арзиву тиҷоратӣ ба қойидаҳои умумӣ риоя накунад, Амрико аз чораҳои ҷавобӣ кор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG